Бахшҳо

Қӯрғонтеппа Бохтар мешавад: Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст

Номҳои пешниҳодии олимони Академияи улуми Тоҷикистон барои тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлонро ёрдамчии Президент оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода напазируфтааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намудаанд.

Вале ба иттилои як манбаи “Озодагон” дар сатҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа тавофуқ ҳосил шудааст ва номи нави он Бохтар хоҳад буд. Ҳамчунин номи шаҳри Сарбандро, ки дар канори Қӯрғонтеппа воқеъ аст, Леваканд мегузоранд. Гуфта мешавад, номи ноҳияи Бохтар ба Кушонкада иваз мешавад.

Назир Амирзода, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, пешниҳоди тағйир додани номи шаҳр тасмими чанде аз донишмандони Академияи улуми Тоҷикистон буд, вале номҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ёрдамчии Президент пазируфта нашуд: “Ин дар ҳақиқат пешниҳод шудааст. Инро олимон ба Академияи илмҳо пешниҳод карда буданд. Аммо се-чор номеро, ки олимони Академия пешниҳод карда буданд дар ҳоли ҳозир ёрдамчии Президент напазируфтааст. Вале ин гуна нақшаро Академияи илмҳо дошт, ки номи шаҳри Қӯрғонтеппа бояд тағйир дода шавад”.

Ҳарчанд номҳои пешниҳодии Академияи улум барои расонаҳо пешниҳод нашудаанд, вале тибқи баъзе манбаъҳои “Озодагон” онҳо иборат аз “Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловард будаанд.

Пешниҳоди тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа бори нахуст дар солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби шуморе аз донишмандон дар матбуоти вақт ироа шуда буд. Минбаъд пешниҳодҳо ва назару андеша дар мавриди тағйири номи ин шаҳр борҳо дар матбуот мунташир шуд. Дар ин авохир ҳам ин мавзӯъ дубора мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо қарор гирифт. Аммо то кунун барои тағйири номи шаҳр ҳукумати он ва ё вилояти Хатлон ибтикоре накардааст. Искандар Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам мегӯяд, дар ин росто ҳукумати шаҳр иқдоме накардааст ва ё дархосту супорише ҳам барои тағйир додани номи шаҳр содир нашудааст. "Вакилони шаҳр ҳам дархосте надодаанд",-мегӯяд Искандар Абдуллоев.

Қиёмиддин Сатторӣ, ки нахустин шуда солҳои 80-уми қарни гузашта пешниҳоди тағйири номи ин шаҳрро аз тариқи матбуот ироа кардааст, мегӯяд, ӯ дар ибтидо номи Левакандро пешниҳод намуда буд ва баъдан номи Вахш пешниҳод гардид. Ахиран оқои Сатторӣ матлабе бо номи “Қӯрғонтеппа: Вахш ё Леваканд?” нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳарчанд номи Вахш ё Вахшканду Вахшгирду Вахшон ва ё Леваканд барои ин шаҳр мувофиқ бошанд ҳам, вале тавофуқи назари олимон дар ин замина ҳосил нашудааст ва дар таъини номи ин шаҳр набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.

Ҷаноби Сатторӣ пешниҳод мекунад, ки “хуб мешуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як комиссияи салоҳиятдор аз ҳисоби донишмандони риштаҳои таърих, ҷуғрофия, забоншиносӣ ва махсусан, таърихи забони форсии тоҷикӣ таъсис дода мешуд, то ки қазияи тағйири ҷойномҳо (топонимика) ва эҳёи номҳои миллии ҷуғрофӣ ба таври илмӣ ва бо машварат ҳаллу фасл мегардид”.
Мӯҳр
Иваз кардани ном садхо хазор сомони зарар меорад! Бубинед дар як шахри Кургонтеппа чанд мактаб чанд корхона чанд беморхона ва даххову садхо идорахо фаъолият дорад. Холо ба хисоби миена сохтани1мухр(печат) аз 300то 500 сомони 1000то мухр агар иваз шавад 500хазор сомони. Холо дигар навиштачотхоро хисоб накардем.

Точик
Бояд иваз шавад. Мо Точикем ва инчо Точикистонаст.

Кургоншох
Айни замон ба тагьир додни номи Кургонтеппа хеч гуна зарурате нест.

ЗАФАРЧА
Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намудаанд.

А бача ийо чихел олиман ма нафамидм??!!! Монен ягон номи ҳалол охи. БОХТАР 100% тенҷай.

Devona
" Номҳои пешниҳодиро ёрдамчии Президент напазируфтааст". On kas hak dorand fakat dar honaashon hudashon tanho tasmim bigirand.Nomi shahru nohiyaho...ro boyad donishmandonu tarihdonho intihob kunand.

Ин масъаларо бояд вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон халу фасл намояд бо вазири кордону донишмандаш ва мувофика бо Пещвои миллати муаззамамон на ёрдамчии Президент оид ба масъАлахои рушди ичтимои ва робита бо чомеа.

Собир
Чи даркор хамикадар харочоти зиёдати. Бояд хама баъзе чизхоро бо номи нав иваз кунан. Олимон як чизе пешниход кунанд ки сатхи зиндагии мардум баланд шавад неки боз мушкили эчод кунанд. Сангпалла,
Сангпалла,

Орзу
Номи Бохтар хуб аст, аммо номи Вахш муносибтар аст, чунки Кургонтеппа аммалан пойтахти водии Вахш аст.

Орип
Бо хондани номҳо камтар шармам омад. О наход ҳамихел номҳоро пешниҳод куненд. Бовар кунед ман дар як ҷое зиндаги мекунам ки то ҳол номи деҳаамро соз намедонам . Ҳар сол иваз кардани номи деҳаву ноҳияҳо шарт нест. Як кас пурсад аз куҷоед шумо мо чи гуем аз Лелин будем баъ Масковский шуд ҳозир бошад Файзобод аст номи ноҳияамон. Шармадаги

беҳруз
Ин олимони мо кай соҳиби фаросат мешуда бошанд?
Охир номҳоеро миёнагузорӣ менамоянд, ки ҳам мураккаб ҳам ноҷост, гарчанде дорои маъно бошад.
Масалан шаҳри Қайроққум бисёр номи олӣ буд, Гулистон ҳам олист, аммо баҳри тоҷик, ки дар онҷо қарор дорад, Қайроққум вобаста ба мавқеъаш шинам буд. Ду се нафар, ки худ аз олами илм на онқадар хабар доранду сари КУРСӢ нишастаанд, барои " Ман ҳастам" гуфтанашон ба таври худ корнишондеҳ мешаванду боқимондаҳо дасткирӣ мекунанд, мебинӣ ки ҳамаҷо расво

Муҳтарам олимони АУ ба фикрам як кори дигарро фаромуш кардед!
Ҳоло ки номгузарӣ тоҷикӣ шуд, номҳои баъзе аз навоҳиву деҳот ва муассисаву ташкилотҳо ки дорои ов, ев, уф, пуф, ҳастанд, ба тоҷикӣ гардонед. Мисоли н. Бобоҷон Ғафуров ( н. Бобоҷон Ғафур ё Ғафурӣ)
Мақсад ин ҳам бароятон КОР мешавад.

Шукри Офаридгор, ки Тоҷикем. Вале Тоҷик буданро дар чунин айёми нотоҷикӣ, ҳадаф танҳо иваз кардани номҷойҳо аст? Яъне Тоҷику Тоҷикистон аз ҷиҳати рушд Амрикоро ҳам гузашт, ки бо фоизбозиву масалбозиву мағалбозӣ машғул шавем?

Омузгор Мухочир
Дигар ном ефт нашуд,ки аз кафои калимаи < Вахш> якчанд калима изофа мекунед,Бехтаринаш худи калимаи Вахш. Е ин кадар профессорони бахши таьрих чи мегуфта бошанд? Ин кор бояд ба зиммаи онхо гузошта шавад. Хуб фикр карда номи ба таьрихи хамон вилоят муносибро гузоранд.

Мастчохи
Академияи илмхо бачои онки ягон ихтироот кунанд номивазкуниро пеша кардаанд, ки бо ин максад теша ба решаи давлат мезананд. Иваз кардани номи ин вилояти калон яне бояд 3млион ахоли паспорташро иваз кунад ва 300млион доллар масраф кунад. Бо 300млн долар 300корхона роскардан мумкин аст, ки 50000 ахоли сохиби чои кор мешавад.

Аз мухтарам Абдучаббор Рахмонов такозо карда мешавад, маколаи охирини Устод Киёмиддини Сатториро сардафтари кори худ карор дода ин масъаларожарфтар биомузанд. Дар Ватани мо академику доктару пруфисар зиёд асат вале олимоне мисли Киёмиддин Саттори яке дуто. Боки саломат бошед ва Худои мезрубон ёру мададгоратон бошаду тавфикро рафикатон гардонад.
Бо эхтирому сипос.

Дилсӯз
Олимони соҳибэҳтироми мо ягон чизеро ихтироъ намоянд, ки ба миллату давлат фоидае орад. Забони ноби тоҷикиро ҳозир бо луғат хонӣ намефаҳмӣ, ана хизмати забондонони мо. Дигаркунии номҳо ё номгузориҳо ҳеҷ чизи мусбата намедиҳад, аз лиҳози иқтисодӣ зарараш калон, ба ҷои ин дар Қурғонтеппа ягон сехҳои хурди исткҳсолӣ месохтанд 1000 бор беҳтар мебуд нисбати ин пешниҳодҳои аз манфиат дур. Офарин Абдуҷаббор Раҳмонзода олими ҳақиқӣ астанд ва суду зиёна фарқ мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)