Ҳабси Акрам Азимов, гумонбари ташкили теракти Петербург
Гумонбари ташкили амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург Акрам Азимов бо қарори додгоҳи Басмани шаҳри Москва то 3 июн ба ҳабс гирифта шуд.
Азимов дар додгоҳ гуфт, дар ташкили таркиши метрои Петербург даст надорад. Вакили мудофеи ӯ афзуд, зерҳимояаш намедонист, ки амалҳои ӯ бо теракт пайванд доранд. Муфаттиши парванда мегӯяд, Акрам Азимов ҳангоми бозпурсӣ дар бораи худ ва бародараш Аброр, ки ба ташкили теракт гумонбар аст, шоҳидӣ дод.
Акрам Азимовро маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия 19 апрел дар Москва дастгир карданд. Ӯро дар омодагӣ ба амали террористӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мекунанд. Аммо модараш мегӯяд, боздошти ӯ саҳнасозӣ шудааст.
Як рӯз пеш бародари Акрам Азимов - Аброр низ бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Аброр дар додгоҳ худро бегуноҳ хонда, гуфт, дар омодагӣ ба таркиши метрои Петербург иштирок надошт. Дар доираи парвандаи мазкур ҷамъан даҳ нафар дастгир шудаанд.
3 апрел дар қатори метрои Петербург ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки 14 кушта ва наздики 50 захмӣ бар ҷой гузошт. То ҳол ягон гуруҳ масъулияти онро ба зимма нагирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |