Бахшҳо

Изҳороти Сафорати Бритониё: Талош мекунем соҳаи туризмро бо Тоҷикистон равнақ диҳем

Сафорати Бритониёи Кабир дар Душанбе ба хабарҳо перомуни дар қатори кишварҳои барои туристон ноамн қарор гирифтани Тоҷикистон вокуниш кардааст.

Ахиран, торнамои “life.ru” навишт, мақомоти Бритониёи Кабир ба шаҳрвандонаш машварат додааст, бидуни зарурат ба Тоҷикистон нараванд. Ба иттилои манбаъ, Вазорати умури хориҷии Бритониё Тоҷикистонро яке аз кишварҳои нисбатан хавфнок барои туристҳо унвон кардааст. Дар маҷмӯъ ин ниҳод ба шаҳрвандонаш сафар ба 39 кишвари рӯи заминро бидуни зарурати хос тавсия надодааст. Миёни ин давлатҳо Русия, Алҷазоир, Эрон, Судон, Украина, гурҷистон, Уганда, Тайланд, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Арманистону Ангола ҳам ҳастанд.

Аммо дар изҳороти расмии Сафорати Бритониё гуфта мешавад, “ин хабарҳо инъикос кунандаи ҳақиқии маслиҳати Ҳукумати Британияи Кабир ба сайёҳони бритонияёвӣ намебошад”.

Дар идома омадааст, Сафорати Бритониёи Кабир хеле хушнуд аст, ки манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон ва меҳмондӯстии гарми тоҷикон, сол аз сол аз ҷониби сайёҳони бритониёӣ кашф мешавад: "Тоҷикистон дар баъзе ВАО-и ғарбӣ ҳамчун “яке аз маконҳои сайёҳии тез афзоишёбанда дар ҷаҳон” ва “беҳтарин макони сайёҳии пиёда” тасвир шудааст. Ҳамчун шарики рушд мо якҷоя бо дӯстони худ аз Ҳукумати Тоҷикистон талош карда истодаем, то соҳаи туризмро равнақ диҳем.

Ба таъкиди ин ниҳод сафир Ҳю Филпотт дар нишасти намояндагони ҳайати Савдо ва Туризми Бритониё ва Тоҷикистон гуфтааст, мо аз афзоиши сайёҳон ба Тоҷикистон хеле хурсандем ва хушнудем, ки Ҳукумати Тоҷикистон туризмро ҳамчун соҳаи афзалиятнок интихоб кардааст: "Ин дастровардҳо сафари сайёҳонро ба Тоҷикистон осон хоҳад кард. Мо ташаббуси Ҷаноби Оли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ва туризм дастгирӣ менамоем ва итминон дорем, ин ташаббус барои пешбурди соҳаи муҳими иқтисод саҳм хоҳад гузошт. Мо мунтазири сайёҳони бештари бритониёӣ ба Тоҷикистон ҳастем".

Дар хабари “life.ru” гуфта мешуд, ки Вазорати умури хориҷии Бритониёи Кабир комилан мухолифи сафари бритониёиҳо ба Афғонистон, Яман, Ироқ, Тунис ва Сомалӣ шудааст. Ин ниҳод, Австралияро амнтарин кишвар барои сафари туристҳо ном бурдааст. Дар ин қитор Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Аврупо, Осиё ва Африқои Ҷанубӣ ҳам ҳастанд.

Изҳороти Сафорати Бритониё: Талош мекунем соҳаи туризмро бо Тоҷикистон равнақ диҳем

Дар акс: Бо ранги сабз кишварҳои амн, сурх кишварҳое бо минтақаҳои ноамн ва кабуд кишварҳои хавфнок барои туристҳо нишон дода шудааст.
Мӯҳр
Собир
Ин абардавлатхо харчие хоханд мегуфтаанд-дия Якеш Точикистонро ба катори кишвархои амн дохил мекунаду дигараш хавфнок. Чум ира ай аввалуш набошй намефахмий...

точикистон амн хаст худи Лондону дигар шахрхояш АМН нест такрибан 1. мох кабл Амели терористи шуда буд Лондон да болот купурукба тамоми шабакахо пахш карданд 2 е 3 мох кабл бози футболро ман карданд дар варзишгох бомба хаст гуфта точикистон аз казакистону рассия Дида АМН хаст кишвари худошонам АМН нест ба сайехои хоричи хам гуянд кишвари Англия АМН нест гуядохир шукри худо точикистони МО АМН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)