Бахшҳо

Шоҳҷоизаи “Парасту 2017” насиби Театри ҷавонон шуд

Намоишномаи “Дирафши коваёнӣ”-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” шудааст.

“Дирафши коваёнӣ” дар коргардонии ҳунарманди саршинос Нозим Меликов аз рӯи асари безавори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шуда, нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.

Ҳайати доварон мақоми аввали Фестивал-озмунро ба намоишномаи “Пизишки паррон”-и Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ додаанд. Ин намоишномаро Қурбони Собир аз рӯйи асари Молйер ба саҳна гузоштааст. Мақоми дуввуми ҷашнвора ба Театри Маяковский (намоишномаи “Хонума”) ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд (намоишномаи “Қалби зан”) дода шудааст.

Доварон ҷоизаи “беҳтарин нақши мардона”-ро ба ду нафар Шуҷоат Ҷалолиддинов (театри Лоҳутӣ) ва Маҳмадсаид Махсумов (театри Данғара) лоиқ донистаанд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” 18 апрел дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз гардид ва давоми панҷ рӯз театрҳои Душанбе, вилоятҳои Бадахшону Суғду Хатлон намоишномаҳои худро манзури бинандаҳо карданд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳадафи баргузории фестивалро "рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ” унвон кардааст.

Шоҳҷоизаи “Парасту 2017” насиби Театри ҷавонон шуд

Шоҳҷоизаи “Парасту 2017” насиби Театри ҷавонон шуд


Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди театри ҷавонон
Мӯҳр
Аз вазорати фарханг мехостам, ки ичозаи банаворбардории филмхои бемаъни ва бе фархангро, дигар надихад. Ин чи гап ки харкас актёру ресесёр шуда фарханги моро бо харгуна филмхо хандахарош карда моро дар арсаи чахони масхара мекунанд. Ба наздики як филмеро бо тахягарии Давлат Садиров ба фикрам, номи филм дар ёдам нест, дидам. Бисёр хафа шудам аз беистеъдодии ин истирокчиёни ин бо ном филмнома. Айб аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)