Бахшҳо

Варзишгарони тоҷик аз “Kazakhstan open–WTF G1” бо се медал баргаштанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо (WTF) "Kazakhstan open–WTF G1” се нишон – 1 нуқра ва ду биринҷӣ ба гардан овехтанд. Ин сабқат аз 22 то 24 апрел дар шаҳри Атирайи Қазоқистон миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.

Аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар доданд, ки Моҳру Ҳалимова дар вазни +73 кило миёни бонувон соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Алфила Курмановаи русро бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба финал роҳ ёфт: “Дар финал аз варзишгари қазоқистонӣ Мареке Юнусова бо ҳисоби 5:4 мағлуб гашт”.

Ба иттилои манбаъ, ду медали биринҷиро варзишгарони мо миёни ҷавонон ба даст оварданд. Шаҳризода Ҷабборова дар сабқати духтарон дар вазни -49 кило ду варзишгари Қазоқистон – Аяҷон Алиқизӣ ва Фирӯза Асилбекро шикаст дода, дар даври баъдӣ аз варзишгари Ветнам Нюген Дунг мағлуб шуд ва дар ҷойи сеюм нишаст. Дар ин вазн Ҷуанг Пей-Йун аз Тайбей ғолиб гардид: “Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов миёни мардон дар вазни -68 кило нахуст бар варзишгари қазоқистонӣ Тимур Нургелдӣ, баъдан бар варзишгари узбекистонӣ Улуғбек Тухтасунов ғалаба кард. Дар даври баъдӣ аз варзишгари дигари Қазоқистон Донгес Сидиқов, ки чемпиони ин вазн гардид, шикаст хӯрда, медали биринҷиро сазовор шуд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)