Бахшҳо

Парлумон синни нафақаи низомиёнро боло бурд: Ҳукумат хизмати алтернативиро баррасӣ дорад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” синни нафақаи низомиёнро боло бурд.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа дар парлумон гуфт, қаблан барои баромадан ба нафақа 20 сол собиқаи корӣ лозим буд: “Ҳозир собиқаи корӣ барои баромадан ба нафақа ба 25 сол расонда шуд”.

Вазири мудофиа синни нафақаи низомиёни дорои рутбаҳои гуногунро номбар карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки синни нафақаи генерал полковник аз 60 ба 63, генерал лейтенант ва генерал майор аз 55 ба 58, полковник аз 50 ба 53 ва унвонҳои дигари ҳарбӣ аз 35 сол то 48 солагӣ расонда шуд.

Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Шералӣ Мирзо хост, мавқеи ниҳодашро дар мавриди роҳандозии хидмати алтернативӣ рӯшан созад. Ахмедов афзуд, ки хизмати алтернативӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Шералӣ Мирзо гуфт, аз ҷониби гуруҳи корӣ лоиҳа дар бораи хидмати алтернативӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардид. Ӯ афзуд, феълан ин масъала дар баррасии ҳукумат аст, қабул ва иҷроиши он аз маблағгузорӣ низ вобаста аст.

Дар мавриди пешниҳоди Ҷаббор Ахмедов барои кушодани кафедраҳои ҳарбӣ дар тамоми муассисаҳои олии таълимӣ вазири мудофиа гуфт, феълан барои ин шароити молӣ муҳайё нест ва самти кори баъзе муассисаҳои олии таълимӣ аз соҳаи низомӣ дур аст.

Шералӣ Мирзо афзуд, ки дар ҳолатҳои эълонг ҷанг ё ягон сафарбаркунӣ ба 45 ҳазор афсари эҳтиётӣ ниёз дорем: “Ҳозир 1 миллиону 270 ҳазор афсари эҳтиётӣ дорем. Ҳар сол беш аз 7 ҳазор донишҷӯён кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд”.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вазири мудофиа пешниҳод кард, ки муҳлати хидмати ҳарбӣ аз 2 ба 1 сол расонда шавад. Ӯ зикр кард, ки бисёриҳо барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва хост, то Вазорати мудофиа роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо намояд.
Мӯҳр
Беҳтарин пешниҳодро кардааст Абдуҳалим Ғаффоров: Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вазири мудофиа пешниҳод кард, ки муҳлати хидмати ҳарбӣ аз 2 ба 1 сол расонда шавад. Ӯ зикр кард, ки бисёриҳо барои гурез аз хидмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва хост, то Вазорати мудофиа роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо намояд.

бобочон
ман хам ба суханони А.Гаффоров тарафдорам. Боз мехохам, ки онхое ки сохиби маълумоти оли мебошанд 6 мох хизмат намоянд.

Мухтор Ахмадбеков
Бародари азизу гиромии тарафдори чаноб Абдухалим аз навиштахои хар дуи Шумо маълум мешавад ки Шумо худатон хизмат кардаги нестед.Агар карда бошед хам СТРОЙБАТ .Бо пешниходхои бе чойи худ сари чавононро вайрон накунед. илтимос !!!!!!!!!!

Аз шаш мохи хизмат кардан накарданаш хубтар. Дар шаш мох портянка бастана низ ёд намегири....

Зафар КУРБОНОВ-ЮРИСТ
ПЕШНИХОД
БА МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧТ
ВА ВАЗОРАТИ ДИФОЪИ ЧТ
Бо пешниходи лоихаи хизмати аскариии яксола тамоми ахолии ЧТ бахусус насли наврас ва афсару аскарони оянда мувофик мебошанд. Ба ин хотир хамчун як шахрванди ЧТ якчанд пешниходхоро меоварам:
1. Хизмати яксола дар ЧТ таъмин карда шавад.
2. Даъватшаванда то хизмати аскариро ба охир нарасонад, хукуки аз кишвар хорич шуданро надошта бошад, шиносномаи хоричи ба у дода нашавад.
3. Шахрванд то хизмати аскариро ба анчом нарасонида бошад, ба ягон макоми хизмати давлати, хатто ба хайси котиб, рох дода нашавад.
4. Хизмати аскарии алтернетиви ба амал бароварда шавад.
5. Шахсонеки намехохан хизмати афсари намоянд. Метавонанд бо пардохти маблаги маоши як солаи ду ва ё якчанд аскар, аз хизмати аскари озод шуда. Сохиби билети харби шаванд.
6. Дар кисмхои низоми, чузъу томхои нерухои мусаллах, мехтарсолори, фишори рухи чисми, шиканча, лату куб, катлу куштори наваскарон ё умуман аскарон катъиян рох дода нашавад.
7. Дар сурати чой доштани шиканча, катлу горат, мехтарсолори, лату куб, фишори рухиву чисмонии аскарон, дар баробари содиркунандаи ин амал, афсарон ва командирони кисми харби низ ба чавобгарии маъмури, чинояти кашида шаванд.
8. Хешу таборбози, тагобози, вазъи ичтимои, моли ва гайра дар вакти даъвати насаскарон, химати минбаъдаи онхо, даъвогар ва чавобгар будани онхо барои амали содирнамудаашон, умуман рох дода нашавад.
9. Баробарии хукук, бархурди одилона, инсофона ва муносибати солим дар тамоми кисмхои низоми, чузъу томхои низоми ба рох монда шавад.
10. Назди Вазорати дифоъи ЧТ «Комиссияи доимамалкунандаи дифоъи хукуки аскарон» аз хайати хукукшиносон, волидайни аскарон, омузгорон, созмонхо вва ташкилоти хифзи хукук, макомоти прокуратура, ва дигар фаъолони чомеъа барои хифзи хукуки наваскарон, таъсис дода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)