Бахшҳо

Ҳукми Додгоҳи олӣ: Қотили Нозима 10 ва шарикаш 20 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдулқосим Норматов, муттаҳами асосӣ дар қатли Нозима, сокини 17-солаи шаҳри Турсунзодаро ба 10 сол ва шарики ӯ Раҳимҷон Комиловро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи олӣ имрӯз, 28 апрел инчунин Мирзомиддин Мирзораҳим, собиқ мудири шӯъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзодаро, ки дар додани хулосаи бардурӯғ муттаҳам мешуд, ду сол шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Наздикони Нозима дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои ҷазои сангинтари қотил ба марҳилаи болоӣ даъво хоҳанд бурд.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдулқосим Норматов, муттаҳами асосӣ дар қатли Нозима то 10 соли зиндонро талаб карда, барои Раҳимҷон Комилов, ки замони ҷиноят Абдулқосимро ҳамроҳӣ мекардааст, 22 соли зиндон талаб намуда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ 26 апрел дар Додгоҳи олӣ далели талаби то 10 соли зиндонро барои Норматов ба ноболиғ будани ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят рабт дода, илова намуд, шарикаш Раҳимҷон Комилов 10 рӯз қабл аз ҷиноят ба синни балоғат расида буд. Вай аз додгоҳ хоста буд, Мирзомиддин Мирзораҳим, собиқ мудири шӯъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзодаро 2 сол аз озодӣ маҳрум намуда, 5 сол аз ҳаққи фаъолият дар вазифаи ташхисгари соҳаи тиб маҳрум намояд.

Абдулқосим Норматов ҳангоми ироаи сухани охирини худ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, талаб намуд, бо сабаби ноболиғ буданаш нисбати ӯ ҷазои сабук таъин гардад. Раҳимҷон Комилов низ зимни ибрози сухани охири худ дар додгоҳ гуфт, “аз кардаам пушаймон ҳастам. Ҷавонӣ ва бемории маро ба инобат гирифта, нисбати ман ҷазои сабук татбиқ кунед”.

Қаблан Нодира Маҳмудова, модари Нозимаи марҳум, ки ба таври бераҳмона кушта шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш намуд, то барои одилона баррасӣ намудани қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома, ки нусхааш ба дасти “Озодагон” расид, талаб кардааст, ки ба парвандаи марги духтараш мавзӯи “таҷовуз” ҳам пайванд шавад.

Хонум Маҳмудова 20 апрел зимни баромад дар Додгоҳи олӣ гуфт, “ба ман мегӯянд духтарам бокира аст, вале то ҳол натиҷаи ташхисро ба ман надодаанд. Ман талаб дорам, қазияи таҷовузи духтарам низ баррасӣ шавад, зеро 2 рӯз қабл аз маргаш ба ман гуфта буд, Абдулқосим ӯро таҷовуз кардааст”.

Наздикони Нозима зимни мурофиа даъво карданд, ки Абдулқосим набераи Ҳоҷӣ Камол, соҳибкор ва ангурпарвари маъруфи ҷумҳурӣ мебошад ва ин метавонад ба баррасии мунсифонаи қазия таъсир расонад. Онҳо иддао доранд, ки Абдулқосим Нозимаро мавриди таҷовуз қарор додааст, аммо мақомот онро рад мекунанд.

Қатли ваҳшиёнаи Нозима шаби 2-юми феврал рух дода буд.
Мӯҳр
Пурдил
Ин чи шармандаги ва чи адолати суди аст? Котил 10 солу шарикаш 22 сол?! Сабабаш 10 руз пеш аз чиноят шар каш ба балогат расида будаст! Аник шуд, ки ин Абдулқосим набераи Ҳоҷӣ Камол будаст! Ба фикрам ашар ин хабар расонави намешуд набераи ин бобои бой ва бо рохбари давлат шиносро умусан авф мекарданд!

Самандар
Хамин бачаву наберахои хочиён чунин корхоро мекунанд, камбагалу бечора ба кори худ овора...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)