Бахшҳо

“Капитан Неъматов” боздошт шуд: Бо ваъдаи раҳоии маҳбусон аз волидонашон пул мегирифт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷавонеро боздошт намудааст, ки худро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муаррифӣ карда, аз сокинон пул меситонидааст.

Дастгиршуда 28 сол дошта, дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекардааст. Дар гузориши телевизионие, ки шабакаи “Тоҷикистон” пахш кард, гуфта шуд, Давлатмурод Азизов бо шаҳодатномаи тақаллубӣ худро “капитан Неъматов” аз КДАМ муаррифӣ намуда, аз волидони чанд маҳбус барои раҳоии онҳо бар пояи қонуни афв пул гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки худи Азизов қаблан 3 маротиба маҳкум ба зиндон шуда, баъди дар асоси қонуни афв озод шудан, “ба ҳар роҳу усул шаҳрвандонро ба доми фиреб андохта, пулҳояшонро аз худ кардааст”.

Тӯйчибой Тошев, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки ба доми фиреби “капитан” афтодааст, дар ин гузориш мегӯяд, барои аз маҳбас озод кардани писараш ба Азизов 6 ҳазор сомонӣ додааст: “Гуфт, фарзандат маҳбас шудагӣ аст, гуфтам ҳа. Гуфт, зуд биё ки авф шудагӣ аст, ман гуфтам дарс дорам, гуфт дарсатро мону зуд биё, бояд равем фарзандат дар Суди олӣ аст, гирифта биёрем. Ман хона омадам, ӯ ба ман гуфт 6 соли дигар мондагӣ, барои ҳар солаш ҳазор сомонӣ бояд ҷарима супоред. Писарат ҳоло дар Суди олӣ нишастааст, ҷаримаро месупорӣ, бачаро гирфта меорӣ”.

Аммо ба гуфтаи Тошев, баъди гирифтани 4 ҳазор сомонӣ Давлатмурод Азизов “барои овардани квитансия” рафт ва бо ҳамин барнагашт.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Акс аз навори телевизион
Мӯҳр
Али
Ин аблах кормандони хифзи хухукамонро шарманда кардааст

Вали
Али,
Рост гуфти Али, кадом корманди хифзи хукук хамаги шаш хазор мегирифтаст

Хукукшинос аз Сугд
Мухтарам Тошев чи хел Шумо ба Давлатмурод Азизов 6000 сомони додаги хастед, холо он ки аз суханони худатон руи чоп омадааст, ки 4000 сомони додаеду ва ин корманди худнишондоди КАДМ барои овардани квитансия рафта дигар барнагаштааст. Як бори дигар нагз фикратонро рушан мекардед шояд 2000 сомони дигарашро аз худатон гуфта истоданд? Дар ин сайти бовариноки озодагон навиштани баъзе эътирозхо фойда надорад, зеро "Худаш шоху таъбаш Вазир" аст, хохад руи чоп меорад нахохад навиштахоро яктарафа монда ба корхои бемаъно даст мезанад. Акнун чоп кун озодагон! Шояд дигар навиштахои мардумро дар оянда руи чоп ори....

Сакич дар дахан низ рафторхои ношоям мекунанд баъзе аз хабарчинхои баъзе кормандони хукук. Кормандони хукук бояд хабарчинхои худро камтар ва босифат интихоб намоянду бо онхо сухбат гузаронанд. Хатто дар аудитория низ дарси муаллимонро халалдор карда, аз номи органхо гап мезананд. Мегуи: донишчу гап назан, мегуяд: ман корманди кимкучо. Тавба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)