Бахшҳо

Таронаи нави Ҷонибек бо забони укроинӣ: Ёде аз муҳаббати кӯдакӣ

Ҷонибек Муродов, яке аз хонандаҳои маъруфи попи тоҷик бо забони укроинӣ тарона иҷро кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои укроинӣ, ин тарона “Прощай” ном дошта ва матни он ба шоир Иван Франко таалуқ дорад. Клипи ин тарона дар Киев сабт хоҳад шуд.

Торнамои “liza.ua” менависад, Украина барои Ҷонибек бегона нест: “Ҳанӯз дар кӯдакӣ сароянда бо духтараки укроинӣ – Олесия, ки тобистон ба наздик хешовандонаш ба Осиёи Марказӣ омада буд, дӯстӣ дошт. Ҳамон вақт Ҷонибек ваъда дод, ки хонандаи маъруф мешавад. Бо гузашти чанд вақт иртибот бо духтар қатъ шуд, аммо ҳамеша мехост, ки дар бораи ватани ишқи аввали худ маълумот дошта бошад. Ҷонибек хонандаи ҳирфаӣ шуд ва барои дидани дӯсти кӯдакиаш ба Киев омад, аммо вай аллакай шавҳар карда буд. Олесия барои хотира ба Ҷонибек китоби гулчини ашъори шоирони Украинаро тақдитм намуд. Ҳамин китоб ӯро барои суруди нав таҳрик дод”.

Мусиқии таронаи нави Ҷонибекро Александр Яшин навишта ва клипи онро коргардони шинохтаи укроинӣ Владимир Якименко таҳия хоҳад кард.

Ҷонибек Муродов фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29 майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шурӯъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.

Вай чанд бор ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрикоро соҳиб шудааст. Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сол”, соли 2008 ғолиби озмуни “Ситораи сол” шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи “Беҳтарин сарояндаи соли 2011”-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи “Беҳтарин клип”-ро соҳиб гардид.
Мӯҳр
Эй Ҷонибек Ҷонибек ,коре карда накунедки дигар ҳамроҳи падарат дар руйхати сиёҳи Русия афтед...
Ба наздики дар Москав рузи мавлуди падаратонро бо тантана таклиф карда кайд карданд аз ҳаминхел чорабиниҳо намонед.
Хайр худатон якта фикр карда бароедда..

Ҷонибек, кори хуб кардӣ. Сароянда бо кадом забоне тавонад, бо ҳамон забон суруд мехонад. Ғайр аз ин украинҳо мардуми бад нестанд. Ин пропагандаи русия аст, ки ҳам заминҳояшонро забт карданд, ҳам худашонро шабу рӯз сиёҳ мекунанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон бо Украина хеле муносибати хуб дорад, алорағми хашму хушунати рус.

Виркан
Банда ба Чонибеки азиз ахсан мегуям, ки ба забони укроини сурудан бехтарин ташаббуси у хохад буд, ки аз забони гастарбайтерхо даст кашем. То ба кай бо забони гуломони пролетарзодахо харф мезанему боз онхо моро ин кдар тахкир мекунанд. Точике ки камтарин номус дошта бошад ба забони гастарбайтерхо, ба забони пролетархо ва ба забони москалхо бояд харф назанад.

Сарвиноз
сурудхои Чонибек хамааш бехтаринан азчумла ин сурудеки бо забони укроини сабт кардаанд ба шумо ахсан акаиЧонибек

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)