Бахшҳо

Протокол имзо шуд. Нуқтаи таммати “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия?

Дар пайи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия бар сари баҳси парвози ҳавопаймоҳо ҷонибҳо ба тавофуқ расида ва протоколе ҳам имзо кардаанд.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин музокирот ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, “ҳамаи мушкил ҳал шуд”.

Баҳси ду кишвар бар сари парвози ҳавопаймоҳо аз ним соли пеш шурӯъ гардида, як замон ҳатто ба бунбаст мувоҷеҳ шуд. Ҷонибҳо парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамдигарро лағв карданд. Аммо ҳоло гуфта мешавад мушкил рафъ гардидааст.

Ганҷалзода дар бораи созиши ҷонибҳо ва умуман раванди музокирот иттилои бештаре надодааст. Аммо Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати “Ямал” изҳор дошта, бар асоси санади имзошуда ин ширкат ҳафтае се маротиба ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод. Ба қавли ӯ, “Сомон Эйр” низ парвозашро анҷом диҳад”.

Сарчашмаи “таниши ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия ҳам ҳамин баҳси парвозҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский”-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд буд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди Русияро дар мавриди 7 парвози “Ямал” дар як ҳафта хилофи муқарарроти баробарӣ унвон кард. Ва чун ин масъала печида шуд, Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро манъ кард ва дар ҷавоб Тоҷикистон ҳушдор дод, ҷавоби ҳамсон мегардонад. Дар пайи “танишҳои ҳавоӣ” миёни Тоҷикистону Русия бештар шаҳрвандони оддӣ азият кашиданд.
Мӯҳр
Аз чаноби оли хохиш карда мешавад ки монед хамин ширкатхои русси парвоз кунанд ьарои он ки ваё арзонтаран барои чи хукумат гами халкро намхурад мо медонем ки самолётхои сомонэйр кредит овардаги аммо наход ки фикри миллату мардуми кабагал аз онхода баланд ва савоб набошад озодагон чоп кунед инчода гапи мардуми оди рафта истодааст на сиёсат.

Нарх низ албат монополия шуд. Акнун Россия низ бо Сомон-эйр нархи ягонаро чори мекунад.

ато
нуктаи тамат чи аст? бесаводхо мардум инро аз кучо фахмад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)