Бахшҳо

Муроҷиатномаи модарон аз Рушон ба Президент: 17 сарбозро аз даст додем

Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд.

Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рӯшон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" шуд, омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои роҳбаронашон танҳо аз ноҳияи Рӯшон 17 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Модарон аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нангин ва таъмини боварии мардум мақомоти ҳарбиро муваззаф кунад, то вазъи тамоми қисмҳои ҳарбии ҷумҳуриро таҳти назорати ҷиддӣ гирифта, бо истифода аз шеваҳои нави тарбиявӣ корҳои ташвиқотиро вусъат бахшанд ва ба тарзи маишати сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Дар муроҷиатнома аз шеваҳои кори бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ интиқод шудааст, ки ба ивази хидмати ҳарбӣ ба довталабон ваъдаҳои гуногун аз ҷумла замин барои бунёди манзил ваъда медиҳанд: “Шеваҳои навбофтаи мақомоти ҳукуматӣ ва комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои даъвати сарбозон ба сафи Артиши миллӣ аз қабили ваъдаи «хонаҷой ба ивази сарбозӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ ба ивази сарбозӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашидан барои майдаавбошӣ ба ивази сарбозӣ» ва монанди инҳо ҷавонони синни даъватро аз хизмати ихтиёрӣ ва ифтихорӣ барои Модар – Ватан нобовар сохтааст. Магар фарзанд барои ғамхорӣ ва нигоҳубини модараш ҳақ дорад аз он бузургвор музд талаб кунад?!”

Инчунин модарон хостори бозбинии пардохти ҷубронпулӣ ба сарбозони ҳалокшуда гардидаанд: “Муҳтарам сарвари давлат, дар кишварҳои дигар баъди талафоти инсон барои волидонашон ҷубронпулӣ месупоранд ва он 3500 сомонӣ ҷубронпулӣ барои сарбозони ҳалокшудаи тоҷик танҳо барои маросими дафнашон кифоя мекунаду бас. Аз ин рў, барои ҳайсияти одамӣ ва мақоми инсонии сарбозони ҳалокшуда аз Шумо муҳтарам Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон хоҳиш мекунем, ки дар ҷуброни хисороти ҷонии сарбозон ҳиммати баланди инсонӣ зарур аст, агарчи марги фарзандро бо миллиардҳо сомонӣ низ ҷуброн кардан имкон надорад”.
Мӯҳр
Оё номахое, ки ба сарвари кишвар хох тарики почта ё электрони ё дар шакли мактуби кушода навишта мешавад, ба у мерасида бошад? Чаро ба номахои мардум тавачух зохир намешавад? Агар сарвари давлатамон лозим донанду тавачух хосил намоянд, он гох чашми баъзе мансабдорони аз худ рафта, каме метарсад. Хохиш мекунам, ки оиди номахои ба сарвари давлат навишта маколае чоп кунед, чунки мегуянд бисёрашонро аз рох мезананд. Мактубхои кушодаро наметавонанд зада агар Чаноби оли ба интернет назар кунад.

ИНТЕРНЕТ ХОНДАН ДАРКОР, ИНТЕРНЕТ!

Камандирони кисмхои харби гызарондагиян, демблхо рузи дароз ба салдатон зулму ситам мекунанд лату куби бисёр мекунанд касе ахамият хам намедихад ва инро чавонон сад фоиз медонанд ва албатта ба хизмат касе рафтан намехохад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)