Бахшҳо

Насиҳати Шӯрои уламо ба “зӯр”-ҳои мактабҳо

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон амали наврасонеро, ки худро “зӯр”-и мактаб мегиранду ба озори дигарон даст мезананд, маҳкум кардааст.

Ин ниҳод дар пасманзари афзоиши муноқишаҳои байнимактабӣ ба суол, ки бо “зӯр”-ҳои мактабҳо чӣ гуна бархӯрд бояд кард, изҳор доштааст, ки “дар дини мубини Ислом озору азият расонидан ва зулму ситам кардан ба дигарон ҳаром аст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Паҳлавони ҳақиқӣ ҳамон касе аст, ки ғазаби худро фурӯ мебарад”.

Шӯро ба суоли корбари сомонааш, ки оё бо чунин афрод ҷанг кунем, изҳор доштааст, "Шуморо ба сабру таҳаммул ва диндорӣ тавсия мекунем, умед аст, ки он наврасоне, ки ба ин гуна корҳо даст мезананд, роҳи ростро ёфта, афроди солеҳ ва нек мешаванд. Худованд ба ҷавонону наврасони мо тавфиқ ва ҳидояти комил насиб гардонад”.
Мӯҳр
Он авбошони бетарбия ва дайдуро бояд ҳамроҳ бо волидонашон ҷазо дод. Овардаанд, ки аз мор морбача бино мешавад. Ба далели ин матал ин мисолро меорам. Банда дар Шӯравии собиқ бузург шудаам. Дар овони донишҷӯӣ гоҳ-гоҳ моро шабони ба кӯмаки милисаҳо ҷалб мекарданд. Ба қавли онвақта "дружинник" номида мешуд. Дар бозу пораи латтаи сурх баста, шабона бо милисаҳои навбатдор дар кӯчаҳо мегаштем. Бештар дар минтақаи Нагорний. Онҷо қариб ҳар шаб қатлу куштору хонадуздӣ буд. Аз шунидани ман онҷо ҳоло ҳам ҳамин вазъият аст. Хулоса инки, ба ҷиноят писарони онҳое даст мезананд, ки чанде пеш падарҳояшон ҷинояткор буданд. Нагорний ба ин мисоли айён аст. Аз ин хотир ба он авбошони гургсифат набояд раҳм кард.

Хикмат
Шурои уламо гапу тавсияи Шумо дар зану фарзандони худатон намегузарад. Тартиботро дар мактабхо макомот бояд таъмин кунад.

ба шурои уламо насихати олли кадр аз 18-сола болоро дар масчидхо рох надодед окибат хамин мешавад

Ин насихат карданхо хуб аст, чавонон дар хакикат вакте ки бо "забони дини" бо онхо гап мезанед, таваччухашон дигар аст, аммо ин насихат карданхо бояд "фанатики" набошанд ва чавонон дар зиндаги рохи хуби худро пайдо намоянд

бе ном
Дар поён як кайдеро хондам ки гуфт чавононро бо забони динни бояд тарбияи кард. Ман зид нестам хакро гуфтааст,аммо вакте ки писар (аз 18сола поён) ба масчид рафтанаш манъ шуда бошад ва рафта натавонад аз кучо пайрави дин мешавад????
Дар ин холат шабгарди,дузди,калоби,куштор ва дигару дигар ходисахо руй медиханд. Вакте писар дар мухити дин ба воя расид аз ин гуна корхо хазар мекунад. Шумо худ аз хадиси Мухаммад (с) сухан карден. Оё Худованд дар Куръон ба мусалмонон хитоб накардааст ки эй бандагон фарзандони худро аз синни 7солаги ба масчид барен????? Имруз мухити Точикистони сохибистиклоли мо пур аз рохзану калобу дузд шудааст. Ба ин чи мегуед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)