Бахшҳо

Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Пардохт.Тҷ”-ро 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҶДММ “Пардохт.Тҷ”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Ин ширкат дар “пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ” муҷрим шинохта шудааст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо барои қабули маблағ набояд фоиз гирифта шавад. Ба иттилои манбаъ, “Пардохт. Тҷ” 20 феврал унвонии Хадамоти зиддинҳисорӣ маълумот пешниҳод намуда, гуфтааст, дигар аз муштариёни симкортҳои мобилӣ фоиз ситонида намешавад: “Дар санаи 3 апрели соли 2017 ҳангоми пардохти маблағҳои 1,0 сомонӣ ва 5,0 сомонӣ ба тавозуни рақами телефони алоқаи мобилӣ тавассути терминалҳои ҷамъияти номбурда №736029, №736030, ки дар дохили толори фурудгоҳи шаҳри Душанбе насб гардидаанд, аз маблағи умумии пардохтгардида 3 фоиз маблағ ситонида шуд, қи маълумоти пешниҳоднамудаи ҷамъият ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ носаҳеҳ буда, талаботи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон гардидааст”.

Охирҳои моҳи феврали соли равон низ Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, дар пайи таҳлили хизматрасонии терминалҳо муайян намуд, ки бархе ширкатҳо муқаррароти қарори ҳукуматро дар мавриди наситонидани фоиз ҳангоми пур кардани тавозун риоят намекунанд.
Мӯҳр
3 Руз пеш ман дар бозори Корвон ( аз тарафи Дасти рости бозор, хангоми рафтан аз тарафи светофор) ба телефонам пул гузаронидам. Аз ман 3 фоиз ситонида шуд. ( баъди пожарный, дарвозаи 2-юмро бинед. Ба фикрам Леваканд буд)..

Шумо фикр кунед агар хамин сохибони терминал фоиз нагиранд аз кучо онхо масрафи тармини терминал,ичора ,андоз ва дигар харочотхои худро метиянд.. Аз рузе ки фоиз ман шуд хама мардум аз махаллаи мо 3-4 сомон масраф карда ба бозорчаи 103 рафта сум мегузаронанд..Монед фоиз гиранд мо розием ки фоиз гиранду дар хар махалла терминалхо бошанд..

мухтарам масъулони антимонополия.рахмат ба ин коратон, лекин агар зангхои баромад ба Россияро арзон, интернетро арзон, хаки номерро (дар ягон кишвари дуньё чунин кор нест) мебардоштед, кори арзанда ва мадади калон ба мардум мешуд..вакте аз дигар хизмат садро мезананд ин фоизчи терминал ба чашм наменамояд!!!!

Салимбек,
Наметавонанд ,накунанд ,хадамоти зиддиинхисори дар фикри беҳбудии халқ аст.

Ру ба руи Вазорати Иктисоди назди Донишгохи давлатии Москав назди магозаи хуроквори терминали истодаги 3 фоиз хаки пардохтро мегирад Хадамоти Зидиинсори илтимос хамон терминалро аз назар гузаронед

Ман шахсан рози хастам ки фоизи хакки хизматаша гирад.. Мо барои маблаг пур кардани телефони худ 4 сомон барои рохпули харч мешавад ва боз вакти худро исроф мекунем барои шахрванд ин чабр аст. Ин терминало хеле кори шахрвандонро осон мегардонад ва барои 10.00 сом гузаронидан ва боз 4 сомон рох пули карда барои ман хубтар аст ки 30 дирам гирад.. Мо проблемахои дигар дорем ки нархи сузишвори ва хурока руз ба руз боло рафсодаст ин хаст проблемаи мухим ва чиди на 30 дирам...Беном,

10000 сомони чаримаи кам барои ин ноисофо. То ба имруз терминалхои пардохт тч 3% мегирад. Хадамот хуб мешуд ки чазои сахтар медодед ё тамома махкам мекардед.

хамин леваканд фоиз мегирад чораша биненБеном,

Халк,
Фикри ман хамин ки шумо як терминал харидори кунед ва мисли сохибкор кор кунед мумкин бад мушкилии кори терминалро фахмен.. гап бе фоида хаст.. шумо меген кор накунад сохиби терминал. Хаму рузам буд, ки 2 руз кор накард терминалхои шахр ва чи танкисихо кашид халк.. фикри хамара карда ва бад гап занан даркор!!! Сохибкор фоида набинад чихел у сохибкор мебошад ва харочоти худаша дорад инам фикур кардан даркор!!!

Бародаро нахохен гузарондан дар терминали фоиздор равед аз маркази хизматрасони мобили бе фоиз гузаронен.. Чи шумо дар моли дигар одамда дахолат мекунен.. дар пеши хар як хона кариб 2 ё 3 терминал мондаги ки Шахрванд бе малол соати 23:00 ё 0:00 шаб ё малол гузаронад.. Шахсан ман нахом аз терминали фоиздор намегузаронам ва хохам мегузаронам.. Нахо Точик дар хамика дарача бахил шавад.. Барои хамин садхи тичорати сохибкор руз ба руз паст шудестай.. инам фикур кунен аз номи хама гап задан даркор нест!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)