Бахшҳо

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо ҳамтоҳояш аз Ҷопон ва Туркманистон

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”, ки дар Ишқобод баргузор шуд, бо ҳамтоҳояш аз Ҷопон ва туркманистон мулоқот кардааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВУХ, дар дидори Аслов ва Фумио Кисида густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шудааст: “Сироҷиддин Аслов ва Фумио Кисида алоқамандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд”.

Дар мулоқот бо Рашид Мередов, вазири корҳои хориҷии Туркманистон ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башариро ба баррасӣ гирифтаанд.

Ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” рӯзи якуми май дар Ишқобод баргузор шуд. Аслов зимни суханронӣ
ба рӯзномаи Муколама ворид намудани масъалаҳои мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ва мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистонро мубрам арзёбӣ кардааст: “Дар натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ +Япония” Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Харитаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика қабул карда шуд”.

Қарор шудааст, ки дар давраи солҳои 2017-2018 Муколамаро Тоҷикистон раисӣ мекунад. Нишастаи 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ин навбат дар Душанбе баргузор мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)