Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:28

14 соли зиндон барои 50 рӯзи ҷанг дар Сурия

2 май 2017, 13:47

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламуродов А. Т, шаҳрванди Тоҷикистонро барои 50 рӯзи иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Тибқи иттилои Додситонии кул Аламуродов ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо аъзоёни гуруҳҳои “Ҷанат ошиқлар”, “Тавҳид ва ҷиҳод”шинос шуда, даъвати онҳоро барои иштирок дар ҷангҳои Сурия пазируфтааст. Ӯ моҳи апрели соли 2016 тариқи хатсайри Душанбе-Истанбул ба Туркия рафтааст: “Баъдан сарҳади давлати Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур карда, дар ҳайати ин гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба муқобили қувваҳои қонунии давлати Сурия, тахминан 50 рӯз ҷангида, сипас боз ба Туркия баргаштааст”.

Додситонии кул афзуд, Аламуродов пас аз бозгашташ ба Истанбул сентябри соли 2016 аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуд ва моҳи апрели соли равон дар Душанбе ба 14 соли зиндон маҳкум гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вай худаш барнагаштааст. Уро фиристодаанд. Дар натиҷаи шикастҳои пайдарпай дар ҷабҳаҳо роҳбарони террористи ДИИШ ҷангиёнро як-як ба гӯшаю канори дунё фиристода истодаанд. Мақсад "омода бош дар соати Х". Барои аъмоли террористӣ ё ҷангҳои партизанӣ. Ин гурӯҳчаҳоро хадамоти зиддитеррористии Амрико ва ИУ sleeping sells номидаанд. Яъне "ячейкаҳои хобида". Вақту соаташ расид, гӯиё онҳо "бедор шуда" ба амали тахрибкорӣ ё террор шурӯ мекунанд. Аз ин сабаб мақомоти қудратии Тоҷикистон ба "баргаштагон" бояд ҳаргиз раҳм накунанд. Ин қотилон набояд дар озодӣ гарданд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!