Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:38

Мухолифони Сурия гуфтугӯҳои сулҳро дар Остона муваққатан тарк карданд

4 май 2017, 08:57

Ҳайати мухолифони Сурия ширкати худро дар даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳ, ки дар Остона барпо мешавад, бо нишони эътироз аз идома ёфтани бомбаборонҳо дар Сурия, қатъ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, ҳайати мухолифон ба далели афзоиши ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди сокинони осоишта, ширкаташонро дар гуфтугӯҳо қатъ карданд: "То замоне, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Сурия қатъ нашаванд, мухолифон ба гуфтугӯҳо нахоҳанд пайваст".

Дар ҳамин ҳол, мудири бахши Осиёву Африқои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айдарбек Туматов гуфтааст, ҳайати мухолифон Сурия дар рӯзи дувуми гуфтугӯҳои сулҳ дар Остона ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Туматов, ҳайати мухолифон баъди мулоқот бо фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура ва роҳбари ҳайати ИМА толори гуфтугӯҳоро тарк карданд. Вай афзуд, дар рӯзи дувуми гуфтугӯҳо мухолифон "дар ҳамаи вохӯриҳо" ширкат мекунанд. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, барои ширкат дар гуфтугӯҳои сулҳ 19 намояндаи зиёда аз 10 гуруҳи мухолифони Сурия ба Остона омадаанд.

Мулоқот дар Остона 3 май пушти дарҳои баста сурат гирифт. Имрӯз ҷаласаи васеъ ва нишасти хабарӣ дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!