Бахшҳо
04 май 2017 14:46Тоҷикистон / Сиёсат

“Россотрудничество” аз раёсати Душанбе хост, ба роҳпаймоӣ иҷозат диҳад

Михаил Вождаев, раҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хост, барои роҳпаймоии “Полки безавол” иҷозат диҳад.

Вождаев имрӯз, 4-уми май зимни баргузории ҳафтаи “Поси хотир” дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко дар Душанбе гуфт, ҳоло вақт ҳаст, то иҷоза барои роҳпаймоӣ дода шавад: “Ман аз ин минбар ба шаҳрдорӣ муроҷиат менамоям, ки ҳоло вақт ҳаст, иҷоза диҳед, дар баробари маросими расмӣ, мардум бо аксҳо бароянд, бигзор роҳпаймоӣ 8 май ва ё баъди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ баргузор шавад”.

Раиси “Россотрудничество” гуфт, аз чанд моҳи қабл бо сафорати Русия, Шӯрои собиқадорон ва мақомот маслиҳат кардаанд, ки ин маросимро дар куҷо ва чигуна гузаронанд, аммо се руз қабл ба далоили амниятӣ иҷоза барои гузаронидани чорабинӣ дода нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Вождаев “дирӯз аз чопхона беш аз 900 акси “Полки безавол”-ро гирифтаанд ва ҳазорон нафар мехоҳанд бо наздикону фарзандонашон биёянд бо аксҳои бобоёну наздиконашон, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ кунанд ва хотираҳои қурбониёни ҷангро зинда гардонанд”.
Мӯҳр
гарени
х,атман ич,озат додо шавад...

Шумо мехоҳед "хотираҳои ҷанги қариб садсоларо зинда гаодонед". Пас хотираҳои қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро кӣ, кай ва дар куҷо зинда гардонанд? Ҷанге, ки ҳамагӣ чанд сол қабл анҷом ёфтааст ва даҳшату ваҳшонияти он ҳанӯз аз ёдамон нарафтааст. Ҷанге, ки бо иштироки фаоли бародари стратегӣ оғоз ёфта Тоҷикистони тозаистиқлолро ба даҳсолаҳо ақиб кашида буд. Ҳоло Тоҷикистон давлати мустақил асту чорабиниҳояшро масъулини худамон ҳал мекунанд. "Россотрудничество" бигзор дар Русия ташкили роҳпаймоиҳо бикунад.

Vatandust
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)