Бахшҳо
05 май 2017 08:46Тоҷикистон / Тема дня

Ховар: “Полки безавол” хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад

Хабаргузории давлатии “Ховар” ба хабарҳо дар мавриди иҷозат надодан ба “Полки безавол” вокуниш кардааст.

Ин пойгоҳи хабарӣ бо нашри як изҳорот гуфтааст, чунин иқдомҳо хилофи арзишҳои мазҳабии мо мебошанд: “Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад”.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин идома доштани ҷанг дар мавзеъҳои наздики сарҳади Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имкон намедиҳад, ки аксияҳои иловагӣ баргузор шаванд.

Қаблан, эълон шуд, ки мақомоти шаҳри Душанбе бо далоили амниятӣ барои роҳпаймоии “Полки безавол”, ки қарор буд 9 май баргузор шавад, иҷозат надодаст. Ба дунбол, Михаил Вождаев, раҳбари намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хост, барои ин роҳпаймоӣ иҷозат бидиҳад. Вождаев 4 май зимни баргузории ҳафтаи “Поси хотир” дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко дар Душанбе гуфт, ҳоло вақт ҳаст, то иҷоза барои роҳпаймоӣ дода шавад: “Ман аз ин минбар ба шаҳрдорӣ муроҷиат менамоям, ки ҳоло вақт ҳаст, иҷоза диҳед, дар баробари маросими расмӣ, мардум бо аксҳо бароянд, бигзор роҳпаймоӣ 8 май ва ё баъди гузаронидани чорабиниҳои расмӣ баргузор шавад”.

Роҳпаймоии “Полки безавол” ҳамасола 9-уми май дар Рӯзи Ғалаба дар бархе аз кишварҳои шӯравӣ, аз ҷумла Русия баргузор мешавад. Дар ин маърака шаҳрвандон бо бардоштани акси наздиконашон, ки дар ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ мекунанд.

Дар изҳороти “Ховар” омадааст, дар ҳар кишвар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ дар чаҳорчӯбаи қонунгузории амалкунандаи ҳамон давлат доир карда мешавад. Нақшаи чорабиниҳо ва сенарияи баргузории паради ҳарбӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуда, доир ба аксияи “Полки безавол “иқдоме сурат нагирифта буд: “Он ташаббуси иттиҳодияҳои алоҳидаи ғайриҳукуматӣ мебошад”.

Дар идома таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони ҶБВ боқӣ мондаанд, ки “аксари онҳо маълулу барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд. Баровардани ветеранҳои ҶБВ ба кӯчаҳо ва ташкил кардани вохӯриҳо бо онҳо ғайриимкон мебошад”.
Мӯҳр
Мулохизахо оиди изхороти МИТ Ховар дар хусуси полки абади:
Гузаштагонро ёд кардан ва эътибору нуфузи онхоро абади гардондан кори басо наку аст.
Ту гуфти мо сохиби замину осмонем, Ту гуфти сохиби кавму маконем, Вале гар мурдагонро ёд наорем, якин дон ки мурдатар аз мурдагонем.
Пешвои миллат Президенти ЧТ хар сол барои ёдовар шудани иштирокчиёни ЧБВ поси хотири онхоро ба чо меоранд. Имсол дар чашни Галаба ба 485 нафар иштирокчиёни ЧБВ азтарафи Хукумат се хазор сомони маблаг чудо кардан ва дар баробари он дар оташи сузон ба муносибати рзи галаба ва соли чавонон гузоштани гулчамбар аз тарафи се хазор чавонон аз мухимтарин аксияхои полки абади мебошад.

Сержант
о бо акс баромадани ба куча гунох будасту бе изор не? ё урён баромадан гунох неву поси хотир тарнхо гунох. агар хадуаш набоша кашанг мешуд!

Русҳо то рӯзи қиёмат худро барандаи Ҷанги дуввуми ҷаҳон меҳисобанд. Вале, оне ки ин ғалаба бе иштирок ва кӯмакҳои ИМА ва Британия ғайри имкон буд, аз дигарон пинҳон медоранд. Ҳуҷҷатҳои таърихие ҳаст, ки Сталин бо ашк дар чашмон ба сӯи Амрико хитоб мекардааст, ки "вазъият дар ҷабҳаҳо хеле вазнин аст. Ба мо хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, тиру туфанг ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристед". Мегӯянд, ки ин қабил телеграммаҳо ҳар рӯз фиристода мешудаанд. Вале ҳоло дастгоҳи таблиғотии Путин дар ин бора ҳабби хомӯшӣ ба даҳон гирифта, ғалабаро пурра аз рус кардааст.

Фируз
“Мувофиқи суннатҳои исломӣ низ бо акси фавтидагон баромадан ба кӯчаю хиёбонҳо нораво буда, аксияи мазкур хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ мебошад”.
Ин хуб аст, ки ичозат намедиханд, пас чаро ин суханро дар рахпаймои рузи 9-уми сентябр нагуфтед, хама расму аксхои мурдагони пешинаю хозираро дар дастони мо додену аз кучахо парад кардед?

Ин давлати дуняви аст е исломи шудаву мо бехабар? Ин тавр бошад, биеед хамаи идхои дигарро низ дар Точикистон бархам дихем, зеро дар ягон китоби дина дарч наефтаанд. Аз чумла, Навруз, Истиклолият, Сарконун ва гайра.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)