Бахшҳо

Кӯмак ба иштирокчиёни ҶБВ: Президент 3 ҳазору Р.Эмомалӣ 1500 сомонӣ ҷудо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 9-уми май, Рӯзи Ғалаба, қарор кардааст, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ тақдим гардад. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ барои расондани 1,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ва ҳамсарони афроди дар ин ҷанг ҳалокгардида супориш додааст.

Тибқи қарори шаҳрдорӣ ба соҳибони ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ - атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида 800 сомонӣ кӯмакпулӣ расонда шавад.

Манбаъ афзуд, Рустами Эмомалӣ инчунин сарраёсати молияро муваззааф кардааст, барои омода намудани 9 адад гулчамбар 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо намояд.

Муовинони шаҳрдори Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, маблағро бевосита зимни аёдат супоранд: “Ба иштирокчиёни дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакпулӣ дар чорабиниҳои тантанавӣ дода шаванд”.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 449 иштирокчӣ ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд, ки аксари онҳо маълулу барҷомонда ва ниҳоят пиру хастаҳол шудаанд.
Мӯҳр
Ахсан ба шумо чаноби Оли ! 449,000$ хайру эхсон кардан ин нишонаи мардонагист ва шумо якбори дигар тасдик кардед ,ки шумо марди фарзонаи миллат хастед ! Чаноби Рустами Эмомали мо бо шумо хастем ва ояндаи миллат Иншоллох гулгуншукуфон мегардад ! Рахмат ба шумо , Рвхмат ба падару модарони шумо .Худованди Мутаол шуморо хифз кунад

Рафик Ободкор лагандбардори кори хуб нест. Ташаккур аз миллати точик аз фарзандони гуломгаштаи точик дар Руссия кунед ки сармояи миллати точик ва кисаи точикон онхо хастанд ки имруз мардумро начот медиханд онхое ки чонашонро дар хатар монда ба пули ночиз кор мекунанд. Озодагон лоакал андешаи мардумро чоп бикун маколахои интикодиро ки чоп намекуни боз аз озодии баен мегуи.

сайдмумин
ман аз Хукумати Шахр хохиш мекунам,ки дар Хона бародори ивалид дорам сину солаш ба 32 расидай мехохам онро ойладор кунам аммо бучетам намерасад оилаи калон аст ман худам кор мекунам барман каме ердам лозим тел 888080114

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)