Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:41

Шӯрои уламо донишҷӯи порадеҳу омӯзгори порагирро “дӯзахӣ” хонд

5 май 2017, 14:28

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи порадиҳии донишҷӯён ба омӯзгорон аз қавли Расули Худо (с) изҳор доштааст, ки “порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”.

Шаҳром, як донишҷӯй корбари сомонаи Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем. Лутфан мегуфтед, ки мо бо ин кор, яъне пора додан чӣ қадар гуноҳ гирифтаем”.

Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи шариат пора додан ва пора гирифтан амали гуноҳ маҳсуб мешавад. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Агар шумо хоҳед, ки аз гуноҳи пора додан эмин бимонед, бояд вазифаи донишҷӯии худро содиқона ба чо оварда, дар дарсҳо мунтазам иштирок намоед ва ба санҷишу имтиҳонот комилан омода шавед, умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"...умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед..." Намешавед! То маблағи гуфтаашонро надиҳӣ, то охир домангират мешаванд. Ба назар мерасад, ки ин фасод аз боло ба поён меояд. Вагарна чаро алорағми таъкидҳои пайдарпайи вазири маориф Нуриддин Саидов ҳамоно дар макотиб пули таъмир, фонди синф, пули тӯҳфа ба муаллимон дар охири сол чиданро идома дода истодаанд. Магар онҳо аз ҷавобгарӣ наметарсанд? Маълум аст, ки забон як кардаанд.
Посух додан
  • Дарвеш

  • 5 май 2017 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муалиме хаст ки бе маблаг намемонад шояд якдарсад бошад, аммо хаст. Вале баъзе имомхатибонам хастанд, ки пораю таго медавонанд, ки фалон масчида хатиб шаванд.
Посух додан
  • махмуд

  • 5 май 2017 17:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Ки пора надода бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дарвеш,
Аз мост, ки бар мост! Ҳарду ҳам аз худамонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй донишҷуи бадбахт дарсро хон баҳоятро гир. Ба 5 суми ҳаромад номи поки омузгорро ба замин назан.
Посух додан
  • Ibrohim

  • 5 май 2017 22:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Юсуф, ман омузгори яку аз донишкадаҳои ҷумҳуриам ва ин қатъиян хато аст, ки омӯзгор бе пул баҳо намемонад. Донишҷӯе ки воқеан кушиш мекунад баҳои худро соҳиб аст. Беҳуда нагуфтаанд ки хуби дидед аз худатон мебинед, гандагӣ шуд аз мардум мебинед!!!Фаромуш накунед омӯзгорон то ҳадди фикр мекардаи Шумо бевиҷдон нестанд!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб. Донишҷӯйи корбари сомонаи Шӯрои уламо, Шумо, ки даъво мекунед, ки "Мо дигар илоҷе надорем", чи хел илоч надоред. Илоч дар хондан.
Агар гуед, ки муаллим илоч надорад, зиндаги мачбураш мекунад, ки хакки захмат ва вакташро, ки бо донишчу мегузаронад, талаб кунад, ин чизи дигар. Аммо, ин магар пора аст. Инро Худованд худаш медонад.
Агар муаллим аз донишчуи бадхон пул нагирад ва ба у хамин тавр, ки ба донишчуи донишазхудкарда бахо мегузорад, бахо гузорад, медонед, ки донишчуи мехондаги хам дигар намехонад, "хамин тавр-содаякак бахо мегирад". Ин чабр ба чамъият нест, ки акалан як донишчуи босавод тайёр намешавад.
Агар ба намехондаги бахо нагузораду ба мехондаги факат бахо гузорад, аксарияти донишчуёнро бояд бахо нагузорад ва дар ин хол хам муаллим "гунахгор" аст, чунки маъмурият мегуяд: боз хам муаллим "дарси хуб" нагуфт. Ва агар рохбарият ба дониши муаллим тавоноии притензияро надошта бошад хам, дар ин хол бояд аксарияти муассисахои таълими баста шаванд ва ин ба чи оварда мерасонад, дарки сиёси даркор...
ДОНИШЧУЁНРО ЭРКА НАКУНЕД! Бигзоред хонанд, ман хич бовар намекунам, ки агар донишчу ба як саволи муаллим чавоб гуяд, ба у бахои "гузашт"и дилнохохами муаллим гузошта нашавад. Он донишчуи эркаи мо муаллимро "мехурад", ки ман чавоб додам.
Аз кадом адолат ва хакикати Худованд гап мезанед, ман дарк намекунам.
Посух додан
  • Муаллим аз Корвон

  • 6 май 2017 14:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳастанд муаллимоне ки бо камтар хондани донишҷӯ бе ягон тамаъи пора баҳои вайро мемонанд. Агар донишҷӯ худ дарсро хонаду саволҳоро ҷавоб диҳад, устод вайро ҳатман аз санҷиш мегузаронад. Айби худи донишҷӯён, ки нахонда устодро барои гирифтани пора водор менамоянд. Наълат ба он устоде ки аз донишҷӯи мехондагӣ чтизе тамаъ мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёри донишчуён намехонанд, баъзеашон дар вакти рейтинг, экзамен худашон ба Муаллим пул пешниход мекунанд. Ха дар хар як донишгох 1-то ё 2-то Муаллими Худонотарс хаст. Агар донишчу бо вакташ дарсро таёр кунад Муаллим бе номус нашудааст ки аз донишчуи фаъол пул талаб кунад.
Посух додан
  • Орип

  • 6 май 2017 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муалиме ки пул мегирад тарзе дарсро мегузарад ки вақти рейтинг аз ту пул гирифта тавонад. Ман донишҷуи курси 3 астам. Вақте ки якум курс мехондам дидам, ки чи тавр доною нодон пул месупоранд вақти сесияда аз хондан мондам. Ҳайфи 3-соли умрам ки беҳуда гузашт. Муалимҳои донишгоҳ агар бовар кунед мисли гадо шудагиан аз чи бошад намедонам на таълим мегирию на тарбия аз инхелҳояш.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инчо чанд нуктаи мухимро кайд кардан зарур ба маврид аст:
1. Чаро факат донишчуву омузгор дар коррупсия вобастаанд?! Е ин ки зури Шурои уламо ба мансабдорони калон, ки миллионхо доллар аз бучаи давлат медузданд ва аз мардуми бечора пора мегиранд, чаро Шурои уламо ин гурухи мансабдоронро зери танкид намегирад?!
2. Дузахи номидани мардуми мусулмон хатто агар порагир хам бошад е порадех, кори хуб нест. Якумаш ин ки Шурои уламо хукуки касеро дузахи хондан надорад. Танхо Худованд чунин хукукро дорад.
3. Бояд аввал тахлили амик кард, сабабу омилхое ки донишчуену омузгорон ба ин кор даст мезананд. Бояд инро дарк кард, ки аксарияти сохаву макомотхои давлати то як андоза фасодзадаанд. Инро хамаи мо хуб медонем. Хубтар мешуд, ки ба чавонону донишчуен насихату маслихат дихем, ки барои омухтани илмхои замонави ва забонхои хоричи сахт кушиш кунанд ва фахмонем, ки ояндаи миллату давлат дар дасти шумо чавонони бомаърифат аст. Охиста охиста менталитети порагириву порадихи кохиш меебад. Холо, бадбахтона ин порагириву порадихи дар менталитети мо даромадааст. Бояд менталитетамонро боло бардорем. Менталитети шахси озодфикр, менталитети шахсе ки аз хукуку вазифахои худ огох аст, менталитети бегаразона хидмат кардан ба манфиати давлату миллат, менталитети бо рохи конуни хал кардани мушкиливу корхои дар пеш истода...

P.S. Шояд суханони ман ба ахли Шурои уламо сахт расад, лекин ба фикри ман, Шурои уламо бояд вазъияти имрузаро хуб тахлил кунанд, ва дар асоси тахлили амик фатвои муносиб ва таъсиррасон диханд, ки баъд аз ин фатво заррае хам бошад, ба нафъи чамъият расад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чизи дигарро ман ба Шумо хотиррасон мекунам, ки хозир муаллим бахо намегузорад. Барои "ирм"-аш рейтинг мегузоранд, аммо дар хакикатан бахо аз муаллим нест. Рейтингхои гузаштаи муаллимро метавонанд дар компютер дигар кунанд. Ба гайр аз ин аксаран муаллимон баъди чандин вакт ва хатто сол мачбур мешаванд, ки бахои дар "зачетка" гузоштаи диспечерро имзо кунанд. Акнун бубинед, ки донишчу алохида алохида назди муаллим меояд ва мегуяд, диспечер гуфтанд, ки имзо кунед, аммо ведемостхо дар деканате хастанд, ки компютершикки аз гуфтаи онхо берун баромада наметавонистаги, ба онхо додааст. Муаллиме, ки бе ведемост имзо намекунад, ба чои у мудирони кафедра бо диспечерхо созиш карда имзо мекунанд ба чои муаллим. Агар притензия куни аз кор мерави.
Ба хама хамин хол муаллимb ками монадаи мо фарзанди мардумро чизи содда не, илм меомузад. Пас, биёед ба зиёиёне, ки фидокорона ба Ватан хизмат мекунанд аз барои ду бесавод ин кадар бекадри накунем. Набошад, вой ба он мамалакате, ки муаллим ва зиёи надошта бошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафар,
"...аксарияти соҳаву мақомоти давлатӣ то як андоза фасодзадаанд.."
Ба тақвияти суханони ин ҷавон як мисол аз соҳаи маориф меорам. Дар як маҳфил нақл карданд, ки мудири маорифи яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе директорони макотиби ноҳияро (ҷамъ 149 нафар) ба наздаш хоста рӯи рост мегуфтааст: "Пагоҳ рӯзи таваллуди ман аст. Мана, марҳамат, ҳама ба хонаи ман биёед!" Ин даъват ба он маъно, ки "омада, маро табрик кунед!". Фардояш ҳама ба утоқи кораш омада, ба дасташ маблағе медрдаанд. Бояд аз 200 сомонӣ боло бошад. Яке аз директорон нақл карда бошад, ки "ман 200 сомонӣ додамаш. Бе чуну чаро гирифта, ба сандуқчаи мизаш андохт. Ҳатто раҳмат нагуфт." Акнун ҳисоб кунем. 149×200=29800 сомонӣ дар як рӯз. Фикр кунед, ки магар он директорон 200-300сомониро аз кисаашон медиҳанд? Маълум аст, ки аз талабаву муаллимон мечинад! Мо боз менолем, ки муаллимони макотиб пул меситонанд. Боз ҳам ҳамон мудири маориф магар ҷуръат мекунад, ки беш аз 30 ҳазор сомониро танҳо худаш ба киса занад? Ки намефаҳмад, ки нисфи он маблағм ҳангуфт ба зинаҳои гирду атрофи ноҳиявӣ ва болотар ҳамчун пора меравад. Акнун дар бораи дигар соҳаҳо худ хулоса бароред. Дар ҳама ҷо кор аз рӯи ҳамин формула пеш меравад. Ҳамин аст, ки куҷое равед аз шумо пул меситонанд. Ин бадбахтии мост.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вазъияти имруза чунин аст, ки кариб тамоми муаллимони мактабу донишгоххо пора тамаъ мекунанд. Маоши паст онхо ба ин кор водор месозад. Вагарна кадом муаллим мехохад, ки назди хар донишчуй гардан кач кунад ва обруи худро аз даст дихад?! Зиндагии душвор, нарху наво (инфлация) хамаруза баланд шуда истодааст ва хатто маоши ночизи онхо руз ба руз аз сабаби инфлация кам шуда истодааст, яъне кобилияти харидори намуданашон кохиш ёфта истодааст. Баъдан худи тамоми системаи Точикистон фасодзада аст. Умед аз ояндаи дурахшон дар Точикистон зери суол меравад...Худовандо, мардуми сарбаланди Точикистонро аз вартаи балову офатхо нигах бидор, омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чи кор кунем арзу доди мо ба гуши ки мерасад? Ман маоши худро тавре истифода мебарам, ки танхо барои рузгор то маоши дигар расад. Баъзан мешавад, ки намерасад. Ду мактабхон дорам холи мактаб ба хамма маълум. Кудаки сеюмамро хостам ба богча барам. Гуфтанд, ки мохона 130 сомон, аммо бояд Шумо 400 сомони хакки аъзоги (взнос) супоред. Гуфтам мумкин аст, ки аз маошам кам кам хар мох супорам, кабул накарданд. То холо кудаки бечора дар хона нишаста дада мана кай богча мебари гуфта мепурсад намедонам чи гуям.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!