Бахшҳо

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Таҳқиқоти мо дар бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб нишон дод, ки ин мақомот орӣ аз камбудӣ нестанд.


Дар бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат (САҲШ) ҳуҷҷатҳои иловагӣ пурсида мешавад ва дар САҲШ-и Рӯдакӣ пардохти боҷи давлатӣ тафовут дорад. Ҳамчунин овезаҳои бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакиву Варзоб бо вуҷуди боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо то кунун ислоҳ нагардида, дар овезаҳо хизматрасониҳои иловагии музднок мисли ду соли қабл боқӣ мондаанд. Аммо дар асл, тибқи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” аз моҳи январи соли равон ҳисоб карда мешавад...

Дохил намудани маълумоти зарурӣ ба сабти аснод дар бораи таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз кардани ном, номи падар, насаб, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва додани шаҳодатнома тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ба ваколати мақомоти САҲШ дохил мешавад. Бинобар ин, ҳар шаҳрванд тӯли ҳаёт корафтода ба ин ниҳод хоҳад буд.

Қонуни мазкур мушаххас менамояд, ки “барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ ситонида мешавад” (Банди 1-и моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”).

Аз сабаби онки шаҳрвандон барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ боҷи давлатӣ месупоранду ҳамчунин аз онҳо дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои хизматрасониҳои иловагии музднок маблағ ситонида мешавад, бояд ин мақомот бе камбудӣ ва тибқи муҳлати мушаххаснамудаи қонун ба шаҳрвандон хизматрасонӣ намоянд. Пас, фаъолияти мақомоти САҲШ имрӯз қонеъкунанда аст?

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, бозпурсие, ки соли 2016 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир кард, оид ба ҳолати қонуншиканӣ ва фасод дар мақомоти САҲШ аҳолӣ мавқеи худро нисбат ба ин муайян кард: “Мо ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта баъзе чораҳо меандешем”.



Бояд гуфт, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳҳои май-июни соли 2016 вобаста ба муайян намудани сатҳи коррупсия дар миқёси мамлакат пурсиши сотсиологӣ гузаронид ва аз шумораи умумии иштирокчиёни пурсишнома “...сатҳи коррупсия ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост омад” (Аз маърӯзаи Рустами Эмомалӣ, собиқ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Барои пешгирӣ аз пардохти маблағи барзиёд дар ҳама гуна муассисаҳое, ки хизматрасонии музднок ё боҷи давлатӣ доранд, бояд ба бонк муроҷиат кард. Руҳулло Ҳакимзода, раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо нигаронӣ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон маблағро ба шахсони тасодуфӣ медиҳанд, ки вазифаи онҳо ҷамъоварии маблағ нест: “Маблағи барқ, об ё дигар хизматрасониро набояд ба нозири барқ ё дигар мутахассиси ин ё он соҳа диҳанд. Вазифаи нозири барқ ё дигар соҳа назорат ва огоҳ кардани шаҳрванд аст, ки маблағатро дар бонк супор”.



Боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи боҷи давлатӣ” дар бонк пардохт мегардад ва расид ё пардохтнома ба шӯъбаҳо ё бахши САҲШ пешниҳод мешавад. Дар моддаи 7-и қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” омадааст, “супорандагони боҷи давлатӣ ва мақомоти ваколатдоре, ки боҷи давлатиро меситонад барои нодуруст ҳисоб кардан ва ба буҷет гузаронидани маблағҳои боҷи давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тартиби пардохти боҷи давлатиро моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” мушаххас кардааст, ки: “боҷи давлатӣ бо асъори миллӣ дар бонкҳо (филиалҳои онҳо), ҳамчунин тавассути интиқоли маблағҳои боҷи давлатӣ аз ҳисоби боҷсупоранда ба воситаи бонкҳо (филиалҳои онҳо), пардохта мешавад. Қабули боҷи давлатӣ аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо додани шакли муқарраргардидаи квитансия амалӣ мегардад”.

Саодат Салимзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, давоми соли 2016-ум 233 253 сабти таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки ин теъдод ба шаҳодатномаи таваллуд таъмин гардидаанд. Мавсуф арзиши шаҳодатномаи таваллудро эълон медорад, ки дар соли 2017 ҳамагӣ ду сомонӣ қиматаш боло рафтааст: “Арзиши як бланкаи шаҳодатномаи таваллуд дар соли 2016-ум 8 сомонӣ ва соли 2017 арзиши як бланк ба 10 сомонӣ баробар гардид”.

Тибқи маълумоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия арзиши 1 (як) адад бланки ҳисоботи қатъии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба андозаи 20 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо (20 х 50 % =10 (даҳ) сомонӣ) муқаррар карда шуда, маблағи он ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи ҶТ интиқол карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010, №77 ва иловаи он аз 30.04.2012 № 213).

Агентии омор хабар медиҳад, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2016 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 230,3 ҳазор кӯдакони навзоди дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайян кардашуда ба қайд гирифтаанд...

Нафароне ки ба бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардаанд, мегӯянд, аз ин бахш ба ҷуз ҳуҷҷатҳои лозима, маълумотнома дар мавриди ҷойи истиқомати навзод ва маълумотнома дар мавриди вазъи саломатии навзод пурсида мешавад ва ҳамчунин дар ин бахш боҷ ва дигар маблағҳоро худи кормандони ин бахш қабул мекунанд. Саодат Салимзода, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия бошад мегӯяд, “барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди навзод, шиносномаҳои волидон, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотномаи тибии таваллуд пурсида мешавад, на аз ин бештар”.



Мо ба ҳайси корафтода ба бахши Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудем. Дар рӯзи аввали муроҷиат (13.01.2017) ҳуҷҷатҳоро аз қабили (шаҳодатномаи тибии таваллуд таҳти рақами 5725, нусхаи шиносномаҳо ва шаҳодатномаи ақди никоҳро барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, пешниҳод намудам, вале баъди азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳо нокомил буда, бояд маълумотнома дар мавриди ҷойи истиқомати навзод бо муҳри Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, инчунин маълумотнома дар мавриди вазъи саломатии навзод ҳозир намоям. Ҳамин тавр ман аз ду ниҳод, филиали МСШ шаҳри Ваҳдат ва Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳри Ваҳдат маълумотномаҳои заруриро ба даст оварда, рӯзи 17 январи соли 2017 дубора САҲШ-и Ваҳдат омада, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардам. Барои пардохти боҷи давлатӣ низ маро ба ҷойе сарсон накарда, маблағро барзиёд барои шаҳодатномаи таваллуд аз ман талаб намуданд.

Муслима Миразизова, мудири бахши САҲШ-и Ваҳдат дар посухи хаттӣ ба суоли мо, дар мавриди онки аз волидони навзод барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд кадом санадҳо талаб мегарданд, моддаҳои 16-18-и қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро мисол овардааст. Вале дар ҳеч кадоме аз ин ду модда талаби маълумотнома дар мавриди ҷойи истиқомати навзод ва маълумотнома дар мавриди вазъи саломатии навзод зикр нагардидааст.

Ба иттилои бахши САҲШ-и шаҳри Ваҳдат “соли 2016 аз амалиётҳои зерин: гирифтани шаҳодатномаи такрорӣ, иваз намудани насаб, ном номи падар, ворид намудани ислоҳ тағйирот ва илова ба сабтҳои аснод, бақайдгирии давлатии ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ва бекор кардани ақди никоҳ ба хазинаи давлат 174560 сомонӣ боҷи давлатӣ супорида шуд. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 №430 “Андоза ва ҷамъи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти САҲШ -и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” (аз рӯи ҳар як намудани сабт) аз тарафи бахши САҲШ-и ш.Ваҳдат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маблағи 218 121 сомонӣ хизмати иловагии музднок расонида шуд”.

Ба иттилои мудири бахши САҲШ-и Ваҳдат, аз тарафи кормандони бахши САҲШ ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат дар соли 2016 сабти таваллуди 8591 кӯдаки навзод ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз он 5981 нафар тибқи талаботи моддаи 20-и қонуни мазкур ба тарзи анъанаҳои миллӣ насабгузорӣ карда шуда будааст.

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)


Дар посухи хаттӣ ба суоли мо, барои пешгирӣ аз фасод ва порагирӣ дар бахши САҲШ-и Ваҳдат посӯх доданд, ки “ҷиҳати иҷрои барномаи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” барои пешгирӣ аз фасод ва порагирӣ тибқи нақшаи кории тарҳрезигардида дар байни кормандон, котибон ва коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, ба кормандон таъкид шуд, ки пас пардохти нархи шаҳодатномаҳо ва андозаи хизматрасонии иловагии музднок, ки дар асоси хатти расид, ки дар бонки давлатии “Амонатбонк” пардохт гардидааст, ба шаҳрвандон шаҳодатномаҳон аснод дар асоси сабтҳои тартибдодашуда хонапурӣ гардида супорида мешавад”.

Мушоҳидаҳои серӯзаи мо дар САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод, ки сарборӣ дар ин бахш ниҳоят зиёд буда, сокинони ин ноҳия аз субҳ ба ин бахш мерасанд ва то бегоҳ дар мақомот ғавғо ҳасту муроҷиаткунандагон интизорӣ мекашанд...

Ҳамарӯза аз ҳисоби муроҷиаткунандаҳо барои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ маблағи зиёде ҳамчун боҷи давлатӣ ва пардохти хизматрасониҳои музднок ворид мешавад. Барои мисол, 15 феврал муроҷиаткунандагон 9515 сомонӣ ба БДА “Амонатбонк” пардохт намуданд. Пас бояд хизматрасонӣ дар ин бахш қонеъкунанда бошад. Тафовути бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ аз бахши САҲШ-и Ваҳдат дар он аст, ки муроҷиаткунандагон худ боҷӣ давлатӣ ва маблағи хизматрасониро месупоранд, вале намунаи ариза, нусхаи шарҳи ҳол барояшон ройгон дода намешавад ва ба муроҷиаткунандаҳо тавсия мегардад, ки ин ду намунаро аз нуқтаи аксу нусхабардории шафати бино дастрас кунанд, ки ҳар кадоми он 1 (як) сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар овезаи бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ маблағи боҷи давлатӣ нисбат ба САҲШ-ҳои дигар шаҳру навоҳӣ зиёдтар нишон дода шудааст. Дар САҲШ-ҳои Ваҳдат ва Варзоб маблағи боҷи давлатӣ ягона буда, ба овезаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия мувофиқат мекунад.

Санавбар Ашӯрова, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷавоб ба суолҳои мо гуфт, дар соли 2016 аз ҷониби Бахши САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба миқдори умумӣ - 17519 таваллуд ва барқарори таваллуди шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст (таваллуд - 12599 адад, барқарори таваллуд - 4920 адад). Ба гуфтаи ӯ, кормандони бахш ҳуқуқи қабул кардани пули нақдро надоранд. Аризаи шаҳрванд ҳангоми мавҷуд будани расид қонеъ гардонида мешавад. Тамоми шаҳрвандон бо ариза муроҷиат намуда, барои пардохти боҷи давлатӣ, пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ва барои арзиши шаҳодатнома ба БДА “Амонатбонк” фиристода мешаванд.

Будани овеза дар мавриди нархи хизматрасониҳо ва риояи он яке аз омилҳои пешгирикунандаи коррупсия маҳсуб меёбад. Инчунин баъди ҳар тағйирот дар мавриди нархнома бояд овезаҳо низ тағйир ёбанд. Моддаи 23-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” аз 1 январи соли 2017 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоиро дар ҳаҷми 50 сомонӣ муқаррар кардааст. Вале дар овезаҳои бахшҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакиву Варзоб то кунун нишондиҳанда 40 сомонӣ нишон дода шуда, такя ба моддаи 24-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014” шудааст. Танҳо боҷро аз рӯйи хизматрасонӣ масъулини ин бахшҳо бо худкор, худкори ранга (ручка, фламастер) ё ба шакли дигар дар овеза тағйир додаанд. Дар овезаи бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Варзоб қисмеро дар коғаз навишта, бо ширеш часпонидаанду қисмеро бо худкор (ручка).

Ҳамчунин андозаи пардохти иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” тағйир ёфт, дар овезаҳои ин се бахш бояд тибқи қонуни нави буҷет нишон дода мешуд, вале чунин нашудааст.

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, ки моҳҳои январ-декабри 2016 дар муҳлатҳои дар асоси қонун муайяншуда 2164 кӯдакони навзод ба қайд гирифта шудааст. Соли 2016 аз ҳисоби пардохти боҷи давлатӣ 38178 сомонӣ ва хизматрасонии иловагии музднок ба буҷа 32346 сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия маблағи пардохтҳо, аз ҷумла, боҷи давлатӣ, хизматрасонии иловагии музднок ба “Амонатбонк” аз тарафи шаҳрвандон супорида мешавад. Кормандон барои анҷоми хизматрасонӣ ҳуқуқи қабули пули нақдро надоранд.

Рӯзи 9 марти соли 2017 ба бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Варзоб 15 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз инҳо ба Вазорати аддияи Ҷумхурии Точикистон 150 сомонӣ, боҷи давлатӣ 1050 сомонӣ, хизматрасонии иловагии музднок 430 сомонию 50 дирам маблағ ирсол карда шудааст. Тибқи иттилои “Амонатбонк” бошад, боҷи давлатӣ ба санаи 9 марти соли 2017-ум аз ҳисоби сокинони ноҳияи Варзоб 950 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҳисоби шаҳодатномаи ақди никоҳ - 20 сомонӣ, шаҳодатномаи таваллуд - 130 сомонӣ, ивази ному насаб 70 сомонӣ...

С. КАБИРОВ


Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)

Ҳолатҳои аёну бебаёни САҲШ (АКС+САДО)
Мӯҳр
О
ЗАГС, роддом, домуправление хамааш як дард дорад - ПУЛ. То хакашонро надихи, коратро кашол медиханд.

Рахим
Илтимос якбор ба бахшхои САХШи ш.Душанбе равед ва хусусан аз САХШи н.Сино дидан кунед, бовар кунед дар як хафта 4 руз истирохат мекунандн.
Вакте ки мепурси барои чи дар рузи кори дар САХШ баста аст мегуянд ин руз рузи кабули хучат, рузи дигар тафтиши хучатхо, хисобот ба вазорат ва гайраву хоказо...
Хатто дар пушти дари баста бо имзои раиса эълон насб карда шудааст, ки фалон руз фалон кор.
Шахсан ман 4 руз пайдархам рафтам ва танхо рузи панчум тавонистам вориди бинои САХШ шавам. Ин ахвол дар дигар САХШ низ хамин тавр аст.

Ман дар САХШ Шахри Хисор кору фаьолит менамоям Хохиш мекардам ки хамин Бхши дар Хисор бударо хам як санчиш мегузаронидеду баьд ахволи бади корафтодагонро бо чашми худ медидед

Олим
Охӣ ҳамин шумо дур нарафта як ноҳияи сино пушти клуби ситора противи саодатро бинед баъд гап дар куҷо баданро мефаҳмед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)