Тасдиқи нишони нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар нишони нави ин ниҳодро тасдиқ кардаанд.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар гуфтанд, тасдиқи нишони нав имрӯз, 8 май дар як ҷаласа дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, нишон аз ду қисм иборат буда, дар қисми болои он Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҳолати парафшон бо зернавишти “TAJIKISTAN” акс ёфтааст: “Ин рамзи парафшонии Парчами Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии варзиширо низ ифода мекунад. Дар қисмати поёни нишон рамзи олимпиада – 5 ҳалқаи ба ҳам пайваст ҷой карда шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, нишони нави Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз мувофиқа бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ расман дар ҳуҷҷатгузорӣ, либоси варзишии дастаҳои мунтахаб ва чорабиниҳои варзишӣ истифода хоҳад шуд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпӣ барои ба вазифаи директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин намудани Эркин Латипов ризоият додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |