Бахшҳо
11 май 2017 10:33Тоҷикистон / Акс

Тақдими унвон ба Ҳошим Гадо аз сӯи Президент (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ, Ҳошим Гадоев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон маросими супоридани унвон баъди зуҳри 10-уми май баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, Ҳошим Гадоев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки “барои офариниши асарҳои баландмазмуни бадеӣ, спектаклҳо, хизматҳо дар тайёр намудан ва тарбияи кадрҳои эҷодӣ Ҳошим Гадоев – ҳунарпеша ва режиссёри муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад”.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон низ ахиран дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, бо истифода аз ҳузури ҳамаи фарҳангиён мехоҳад ин хушхабарро бирасонад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 80-солагии Ҳошим Гадо ба ӯ унвони Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистонро эъто намуд.

Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон соати 18:00-и имрӯз дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт. Дар доираи ин барнома, 11 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва 12 май дар шаҳри Турсунзода барномаҳои консертии ҳунарпешаҳои кишвар баргузор хоҳад шуд.

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 таваллуд шуда, ҳунарманди маъруфи театр ва кино мебошад.


Тақдими унвон ба Ҳошим Гадо аз сӯи Президент (АКС)

Тақдими унвон ба Ҳошим Гадо аз сӯи Президент (АКС)
Мӯҳр
Чеҳраи ин ҳунарманд шаҳодат аз гузаштагони тоҷик буда ва кас аз Рустами достон ба ёд меоварад, ки қаҳрамони Фирдавси дар набардҳо қаҳрамонӣ дар замони тираву торики таърих карда буд. Аммо Ҳошим Гадо дар саҳнаи тоҷик чун ситораи дорайн дар асри бистум ҷило дода, ҳозир ҳам бо хомаи сеҳрангез ва гуфторҳои пандомез, ки ҳар чакидаҳои он дили ташнагони аҳли фарҳангро сероб мегардонад. Ҳар нигоҳи ин ҳунарманд пур аз асрори ҳикмати волои инсонӣ, ҳар қадами ин ҳунарманд пур аз сабру тамкини тоҷикона ва ҳар гуфтори ин ҳунарманд пур аз фарҳанги волои гузаштагон шаҳодат медиҳад. Ҳазорон шукр ба даргоҳи Худованди мутаъол, ки Ҳошим Гадо 80 сола шуд. Ва ҳазорон ташаккур ба Президент, ки чунин ситораи дурахшони фарҳанги тоҷикро қадрдонӣ намудааст. Хидмате, ки Ҳошим Гадо барои саҳнаи тоҷик намудааст он ҳазорсолаҳо зиндаву ҷовид хоҳад монд. Ба ин манзур мо аз қавли Рудакӣ ба ин абармарди даврон чунин дуо мекунем:
Ҷуз ин дуо гӯямат, ки Рӯдакӣ гуфтааст,
Ҳазор сол бизӣ сад ҳазор сол бизӣ!

мухлис
Офарин.
Хунарпешаи бехтарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)