Бахшҳо

Хадамоти гумрук: Сокини Кӯлоб беш аз 7 ҳазор кило қаланфурро ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон овардааст

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани миқдори зиёди қаланфур хабар додааст, ки аз Қирғизистон “бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ” интиқол дода шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар пайи амалиёти гумрукӣ дар роҳи нақлиётии гардиши Конибодом - Хуҷанд боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи сокини 26-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намудаанд: “Ҳангоми муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 7 ҳазору 506 килограмм қаланфур мавҷуд аст. Моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А. С., соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Кӯлоб тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро бо воситаи нақлиёти зикр гардида аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ интиқол додааст”.

Манбаъ меафзояд, бар асоси маълумотномаи “Бозори Фаровон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров арзиши умумии қаланфур 329 ҳазору 680 сомониро ташкил медиҳад: “Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд А. С. бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристонида шуд”.
Мӯҳр
Ох кочокчии калон ба даст афтод гуед??? Эххх монед як ду камбагал аккалан аз сабзавоту каду рузашона гузаронанд?

мехмон
Хайрият каланфур будааст! Вохимааш аз героин гузашт!!

Русхо як гап доранд "Бегая за муху слона упустишь" Аламовар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)