Бахшҳо

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҳаҷми шаш миллион доллар ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон нақлиёт ва таҷҳизоти иртиботӣ тақдим намуд.

Расми тақдими ин таҷҳизот имрӯз, 11 май дар қисми ҳарбии 0119-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳузури Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Саймумин Ятимов, раиси КДАМ аз ин кумаки ИМА истиқбол намуда, гуфт, ИМА бо эҳсоси муҳимияти мубориза бо неруҳои террористиву экстремистӣ “ба мо ва мардуми тоҷик дар лаҳзаи бисёр ҳассос кумаки худро дареғ надошт”.

Ӯ афзуд, давоми даҳ соли охир Амрико ба марзбонони тоҷик чандин маврид “ба таври конкретӣ кумакҳои беғаразона кардааст”. Раиси КДАМ гуфт, “мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳукумати ИМА дар сохтани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз ҷиҳати техникӣ мустаҳкам кардани неруҳои сарҳадӣ кумаки зиёд мекунанд”.

Ҷаноби Ятимов таъкид намуд, ёрии ИМА на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа ҳам муҳим аст: “Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи тулонӣ дорад ва мо муътақид ҳастем воқеоте, ки имрӯз дар марзҳои мо мегузаранд, дар танҳоӣ пешгирӣ карда намешавад”.



Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон аснои суханронӣ дар расми тақдими кумаки кишвараш гуфт, ҳамкории Вашингтону Душанбе дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад, мусоидат менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар ҳоли кам гардидани буҷаи Амрико низ, ИМА тақдими чунин кумакҳоро ба Тоҷикистон идома медиҳад. Хонум Миллард афзуд, қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фурӯши он ба дастомада аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сафири Амрико таъкид намуд, ки ахиран дар амалӣ намудани барномаҳои худ дар баъзе соҳаҳо ба мушкил мувоҷеҳанд. Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар кадом соҳаҳо ба мушкил дуҷор гардидаанд, аммо изҳори боварӣ кард, ин мушкилиҳо пушти сар шуда, "онҳое ки ба кумак ниёз доранд, онро мегиранд".

Ба омори расмӣ давоми 25 соли ахир ИМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст, ки 155 миллион доллари он ба бахши низомӣ равона шудааст.

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)

Ёрии 6 миллиондолларии ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Одина
Ташаккур ба хукумати Амрико, ки гами мардуми мо ва гами мардуми ОМ мехурад ва кумаки худро дарег намедорад.

Агар ҳукумати Тоҷикистон барои мардикорони муҳоҷир шуда, домани Русияро намегирифт, кумаки Амрико 6 млн неву 6 миллиард доллар мебуд. Амрико ҳамасола ба Афғонистон 4 миллиард кӯмаки молӣ мекунад. Афғонистон расман ба рӯйхати кишварҳои дӯсти Амрико ҳисоб мешавад. Тоҷикистон чӣ? Дӯсти ҳеҷ кишвар. Ягона пушту паноҳ ва ҳамкори стратегии мо Русия солҳо боз моро мекушад, таҳқиру ҳақорату аҳмақ мекунад, ва ҳануз ҳам вассали (зердасти) худ мешуморад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)