Бахшҳо

Эълони қатъи интиқоли об дар Душанбе: Захира кунед!

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, рӯзҳои 15,16, 17 ва 18-уми май интиқоли об дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз соати 8:00 рӯзи 15 то соати 8:00 рӯзи 16 май дар ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Шерализода, Абдуллобеков, шаҳракҳои 15, 15а ва 32 қатъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд, инчунин аз соати 8:00-и рӯзи 17 то соати 8:00-и рӯзи 18 май интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Пӯлодӣ, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо, С. Айнӣ, Беҳзод, Н. Муҳаммад, академик А. Адҳамов, гузаргоҳи якуми кӯчаи М. Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шоҳтемур, Пушкин, Теҳрон, Ш. Руставелӣ ва Бохтар қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ далели ин тасмимро дар пайваст намудани қубури 325 мм дар ин минтақаҳо унвон кард.

Масъулин аз сокинони кӯчаҳои мазкур даъват кардаанд, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои 24 соат захира кунанд.

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе Салимзода Нусратулло, раиси ноҳияи Сино, Ҳакимзода Низом, раиси ноҳияи Шоҳмансур, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Убайдов, раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”-ро муваззаф сохтааст, ки сокинони ин маҳаллаҳоро бо оби нушокӣ тавассути мошинҳои обкаш таъмин намоянд.
Мӯҳр
Нархи оби нӯшокиро ҳар сол боло мебаранд. Вале ҳануз ҳам об омехтаи гилу қуму дигар ифлосиҳо меояд. Як замоне оби Душанбе беҳтарин об буд. Ҳоло ноҷӯшонда нӯшидани ин об барои саломатӣ хатари ҷиддӣ дорад. Бо авҷ гирифтани истироҳатгоҳҳо қад-қади дарёи Варзоб тамоми фозилобу обҳои касифи бассейнҳо ба ҳамин дарё рехта мешаванд. Пас маълум аст, ки сокинони Душанбе чи гуна об менӯшанд!

Беоб
Дар Испечак-2 Дах РУЗ шуд об нест!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)