Бахшҳо

Воҳидова гуфт, баҳси боздошташро додгоҳӣ мекунад

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, боздошташ дар марз ғайриқонунӣ буда, баъди муайян кардани ҷузъиёти қазия баҳсро дар додгоҳ идома хоҳад дод.

Воҳидова, ки барои иштирок дар ҷанозаи як хешаш қасди сафари Қирғизистон доштааст, 14 май дар гузаргоҳи марзии Овчӣ-Қалъача боздошт гардидааст. Ҳуқуқшиноси тоҷик дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, боздошташ, ки 8 соат идома доштааст, ғайриқонунӣ буд: “Чунки расман аз лиҳози қонун ман боздоштшуда будам, зеро аз се соат зиёд доштан ва мавҷудияти маҳдудият худ боздошт мебошад. Ман озод набудам”.

Ба гуфтаи Воҳидова сарҳадбонон ба ӯ изҳор доштаанд, ки ҳаққи берун рафтан аз қаламрави Тоҷикистонро надорад ва намояндаи мақомоти амнияти миллӣ ин маҳдудиятро ба мушкил дар шиносномааш рабт додаанд: “Гӯё ранги мӯҳрҳои зиёди убуру мурури марзҳо рафтаасту имкони хонданаш нест”-изҳор доштааст Воҳидова ба сомонаи “Ахбор”

Ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид кардааст, ки шиносномааш нав мебошад ва аз сӯи Вазорати умури дохилӣ дода шудааст: “Идомаи баҳс акнун байни ВКД ва РКДАМ сурат хоҳад гирифт. Баъди ин идомаи баҳс дар додгоҳ. Ҳар кадоме аз ин мақомот ҳақ мебароянд, аз онҳо ва ҳуқуқи худам дифо хоҳам кард”.
Мӯҳр
Фозил
Хай реклом кардеда ..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)