Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як далели дуздии ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, дар бораи ин ҳодиса аризаи шаҳрванд Мирзомурод Шамсов, истиқоматкунадаи ҷамоати Оқсу, деҳаи Оқсу ворид гардид. Шахси номаълум аз чарогоҳи назди ин русто 2-сар ҳайвони калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши ҳар кадом гов 4200 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, Зафар Ҳаётов, сокини ҳамин деҳа боздошт гардида, далели шайъӣ гирифта шудааст.
Мӯҳр