Бахшҳо
15 май 2017 14:03Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Зуҳуров: Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи Чинро қадр мекунад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, миёни шарикони муҳими тиҷоратии кишвар, Чин ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад.

Раиси палатаи поёнии парлумон ин нуктаро имрӯз, 15 май дар мулоқот бо ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Чин иброз доштааст. Ин ҳайат таҳти роҳбари Пан Юнхе дар Душанбе қарор дорад.

Муҳаммадато Султонов,
сухангӯи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки Зуҳуров дар ин дидор ҳамчунин гуфтааст, ҳоло Чин дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ба шумор меравад. Ба қавли раиси ӯ, “Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи ҳукумати Чинро дар заминаи тақвият ва инкишофи иқтисоди миллӣ қадр мекунад. Дар доираи манфиатҳои кишвар ва мардумони ҳарду ҷониб мо корҳои зиёди муштаракро бо ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Хитой ба роҳ мондаем”.

Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро идома дода, барои ин фазои мусоиди сармоягузориро ҷонибдорӣ ва таъмин менамоем. Номбурда қайд намудааст, ки дар ин замина ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Чин ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳем кард. Раиси Маҷлиси намояндагон иброз доштааст, бо назардошти он ки мубодилаи тиҷоратии дуҷониба соли гузашта дар натиҷаи равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба андозаи 30% коҳиш ёфт, омода ҳастем барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намудааст, “амалӣ шудани Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ оид ба сохта ва ба истифода додани хатти лӯлаи гази “Туркманистон-Хитой”-ро бесаброна интизорем. Шакке нест, ки дар наздиктарин айём ва дар оянда дурнамои ҳамкориҳо боз ҳам бештар инкишоф меёбанд ва муносиботи ҳамсоягӣ, дӯстии абадӣ, ҳамкории мутақобилаи стратегӣ нишонаи олии онҳо хоҳад буд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)