Бахшҳо

Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор

Шуморе аз кормандони ширкати ҳавонавардии “ТоҷикАйр” бо ирсоли як номаи боз ба унвони Президенти Тоҷикистон ва Додситонии куллу Оҷонсии зидди фасод ва Вазорати нақлиёт аз ғайриқонунӣ пойин бурдани маошашон аз ҷониби роҳбарияти ширкат шикоят кардаанд.

Дар ин нома, ки зери он 73 корманди меҳмондори ҳавопаймо (бортпроводник)-и ин ширкат имзо гузоштаанд, навиштаанд, “маҷбуранд барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои корияшон, ки аз ҷониби директори генералии ширкат Хайрулло Раҳимов нақз шудаанд, ба раисиҷумҳур муроҷиат намоянд”.

Ин шикояти кормандон бар пайи як фармоиши роҳбари ширкат таҳти №6-15 аз 21.04.2017 “Оид ба тағйир додани шартҳои музди меҳнат” навишта шудааст. Ба иддаои имзогузорони номаи боз, фармоиши мазкур кам кардани маоши онҳоро пешбинӣ менамояд.

Роҳбарияти ширкат дар фармоиш, далели поин бурдани музди меҳнати кормандонро ба хотири “нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва пешгирии оммавии ихтисори шумора ё воҳидҳои кории кормандон” дониста, таъкид карда, ки “бинобар душвориҳои дорои хусусиятҳои молиявӣ, ки нигоҳ доштани музди меҳнати пешинаро имконият намедиҳад”, даст ба ин иқдом задааст. Дар фармоиши роҳбарияти ширкат зикр шуда, ки поин бурдани музди меҳнати тамоми кормандон дар назар аст.

Аммо муаллифони нома зикр кардаанд, ки фармоиш пеш аз ҳама ба кормандоне дахл дорад, ки дар қисми меҳмондории ҳавопаймо кор мекунанд. Муаллифони мактуб навиштаанд, ки дар мулоқоте, ки бар пайи ин иқдом роҳбари ширкат Хайрулло Раҳимов бо онҳо доштааст, зикр намуда, ки мо мехоҳем музди меҳнати шуморо бо ҳамтоёни шумо, ки дар дигар ширкатҳои ҳавонавардӣ кор мекунанд, баробар кунем. Раҳимов гуфтааст, ки “мо дар як кишвар зиндагӣ мекунем ва набояд музди меҳнати кормандоне, ки ҳамин навъи хидматрасониро анҷом медиҳанд, аз дигарон фарқ кунад”.

Соҳибони мактуб навиштаанд, ки дар кишвар ба ҷуз ширкати давлатии “ТоҷикЭйр” боз ширкати “Сомон Эйр” мавҷуд аст ва Хайрулло Раҳимов шеваи пардохти музди меҳнати ин ширкатро дар назар дорад. Хайрулло Раҳимов мехоҳад, дастмузди соатиро барои соати парвоз кам ва ҷубронпулиро барои кори шабона аз байн бибарад, ки чунин низоми пардохти музди меҳнат дар “СомонЭйр” роҳандозӣ шудааст.

Муаллифони мактуб иддао кардаанд, ки чунин иқдоми роҳбари “ТоҷикЭйр” ба қонунгузории меҳнатии кишвар муғойират дорад. Онҳо дар ин замина ба “Феҳрасти хидматрасониҳо, касбҳо ва вазифаҳои дорои шароити кори хатарнок”, ки бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ишора кардаанд, ки бар асоси он кормандони ҳамроҳи ҳавопаймо ҳангоми парвоз ба қисмати кормандоне дохил мешаванд, шароити корашон хатарнок аст ва барои ин қисмат қонунгузорӣ музди меҳнати баланд пешбинӣ намудааст.

Ҳамчунин ин кормандон бо такя ба нуктаҳои бешумори қонунгузории кишвар ин иқдоми роҳбари худро ғайриқонунӣ ҳисобида, навиштаанд, ки “ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарияти ширкат имрӯз кормандонро водор кардаанд, ки шартномаҳои меҳнатиро бо шартҳое, ки ба нафъи кормандон намебошанд, имзо намоянд, ки ин худ ба моддаҳои 28 ва 3-и Кодекси меҳнати ҶТ мухолифат менамояд. Ва ҳоло бештари кормандонро ба ситод даъват карда, маҷбур менамоянд, ки шартномаҳои навро имзо кунанд”.

Ин муаллифон гуфтаанд, дар дайи ин иқдом интизор меравад, кормандоне, ки шартномаҳои навро имзо намекунанд, барканор шаванд, зеро роҳбари ширкат гуфтааст, ки “ӯ вазифадор шудааст, ки тамоми ҳайати меҳмондории ҳавопайморо нав кунад”.

Ин кормандон гуфтаанд, ки ин суханҳоро раҳбарияти ширкат дар ҳоле мегӯяд, ки барои омода кардани як корманди меҳмондории ҳавопаймо вақт ва маблағи зиёде зарур аст. Ҳамчунин муаллифони мактуб гуфтаанд, ки то омадани Раҳимов ба раъси ширкат онҳо ҳам аз ҳисоби ширкат ва ҳам аз ҳисоби худ курсҳову давраҳои омӯзишии зиёдеро фаро гирифтаанд.

Муаллифони мактуб ҳамчунин навиштаанд, ки онҳо аз ҳисоби худ ҳам барои пешрафти ширкат ҳиссагузорӣ намудаанд. Соли гузашта аз онҳо 1800 сомонӣ барои либоси вижа талаб намудаанд ва ҳамчунин ҳангоми таҳсил дар курсҳои хориҷ аз кишвар аз ҳисоби худ маблағи иқоматро пардохт намудаанд, ҳол он ки бар асоси шартнома ин уҳдадории ширкат мебошад.

Ҳамчунин ин ҳайати кормандон гуфтаанд, ки Хайрулло Раҳимов мутахассиси ин соҳа нест ва назокатҳои кори ин соҳаро хуб намедонад ва ҳамин аст, ки дар фаҳмиши кори ҳайати меҳмондории ҳавопаймо ба мушкил дучор шудааст.

Ҳарчанд муаллифони мактуб ба вуҷуди мушкилоти нави молиявӣ дар ширкат шак кардаанд, вале гуфтаанд, агар чунин мушкилоте дар ширкат вуҷуд дошта бошад, гунаҳкор худи Хайрулло Раҳимов мебошад.


Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор


Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор


Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор


Шикояти “стюардес”-ҳо аз раиси “Тоҷик Эйр” ба Президенту прокурор
Мӯҳр
Тобистон бо як гурухи мехмонони хоричи, (Швеция) барои бастани шартнома ба назди Рахимов Хайрулло рафта будем. Дар аввал, вакте ман уро дидам, фикр кардам Рахимов чавон асту аз ухдаи бастани шартнома намебарояд. Аммо вакте ман суханронию саволу чавоб, чолокию кордони, зиракии уву як тарчумони чавоне, ки дар пахлуи у буд, дидам, боварам намеомад, ки дар Точикистони мо чунин чавонони босаводу забондон хастанд. Масъалаи кам кардани маош-ин такозои замон аст. Дар хамаи чо чунин аст. Мухтарам мехмондорони хавопаймо! Ба бонкхо бингаред, ки чи гуна кормандони пуртачрибаро аз кор озод карда, чавоб дода истодаанд. Ношукри накунед, Шуморо аз кор ихтисор накарданд ку. Танхо аз маошатон каме кайчи задаанд. Имрузхо мардум бо маоши 350 сомон кор мекунанд, ки маоши шумо даххо маротиба нисбати онхо зиед аст....

Саъид
Эй кандотона бзанен! Аз пули маоши коргар буридану хурдан кариб, ки дар тамоми ниходхои давлати дида мешавад вале мутаасифона на хар кас чуръати даъво кардани хаки калолашро дорад! Каншона зананд ин нафарони даъвогар ба инхо мегуянд ШЕРОНИ НАР, ки дар ин шароит аз хаки худ мехоханд дифоъ кунанд!

Пешниҳод мекунам. Номи TajikAir ба номи ТAL, яъне Tajikistan Air Lines, иваз шавад. Ин ном кӯтоҳ ва бисёр зебо аст. Ин ба калимаи JAL ( Japan Air Lines) ҳамовоз аст. Ҷанобон соҳа як фикр кунанд!

Наср
Ин амали табии аст. кам шуда бошад хеч гап не, ба дигар кор гузаред, то дигарон кор кунанд. Чандин сол маоши баоанд гирифта, вазифаи худро шумо стюардессхо хуб ичро намекардед. Пас гузоред, равед, дигарон кор кунанд! Ва муомилаи хубро дар дохили салони хавопаймо ёд гиред. TAL номи мувофик нест, бигзор TAJIK AIR истад, то номи кишвари мо хонда шавад!

мурочиат ба Беном .хамин ту ба фикрам ягон хеши деректори точки эйр асти !!! ту шикамат сер. мон мардум хакки музди кори талаб кунанд.

Мухтарам стюардессхо ман бисер парвоз мекунам, аммо то ин дарача муомилаи бад, кошу кавок, бадгуфтори, дагалие ки дар дохили хавопаймои Таджик Эйр хаст нисбати пассажирхо дар ягон дигар авиакомпанияхо дида намешавад. Хамин хел рафтор мекунед ки гуё моро бепуль бурда истодаед ва ё мо дар самолети падари шумо парвоз дорем. Хайрият мо мебинем дигар авиалинияхоро. Нагз кардаст рохбарият ки аз хисоби худатон хондани рои кардаст. Боз хам рафта муомилаи хушу рафтор ширинзабониро омузед. Аксари Шуморо кимкайхо иваз кардан даркор буд. Холо хам мухтарам раис дер карданд. Аксарияти шумо зеби кори сахро доред.

Мика
Мебинам кани як бор шумо бо маоши кам дар ин кори хатарнок кор кунед? Онхо шабхои дароз хоб намекунанд. Аввал хайрулло рахимов маоши худро кам кунад чи? [b],
[b]Мика/b],
[b]Benom[/b],

Беном
Ба Ватандор! Ман кайд кардам, ки хангоми бастани шартнома бори аввал Рахимов Хайруллоро дидам!!!! Агар вай хеши ман мебуд, ман уро мешинохтам. Фахмиши шумо хамин кадар аст! Айбро дар дигарон начуед, Холо он ки худи шумо гунахкоред. Мухтарам Рахимов Х.!!! Ба шумо пешниход дорам: хангоми кабули Мехмондрри хавопаймо, пеш аз хама ба вазъи оилавии онхо ахамият дихед!!! Кариб 70 фисади онхо оилаи солим надоранду ба тарбияи дурусти фарзанд машгул нестанд!!!!

Ба Ватандор!!! Танхо дар як чумлаи навиштаат 3 хатои дида мешавад. Калимаи точикиро " точки" навиштаи, аввали чумла бо харфи калон навишта мешавад. Баъд аз нукта бо харфи калон навиштан сар мешавад. Вой бар холи чунин мехмондорони хавопаймо!!! Хамаашонро аз кор озод кунед! Ин магар шармандаги нест???? Агар забони точикиро чунин донед, забони хоричиро дар кадом сахт медониста бошед???????

мардон
ин чи хел циркай?
кучо шуд профсоюз?
кучо шуд хукукдоно?
чаро ба суд мурочиат не?
чаро хама кор ба президент бояд равад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)