Русия Халифаевро ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Ӯро то 12 соли ҳабс интизор аст
Мақомоти Русия як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба ватан истирдод мекунанд.
Дафтари матбуоти Додситонии вилояти Челябинск мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон Соқимаҳмад Халифаевро дар харидуфурӯши маводи мухаддир муттаҳам медонанд. Гуфта мешавад, ӯ ва ҳамроҳонаш соли 2015 ба ин амал даст задаанд.
Халифаев моҳи сентябри соли сипаришуда дар ноҳияи Троитски вилояти Челябинск замоне боздошт шуд, ки қасд дошт ба Қазоқистон бигузарад.
Муовини додситони кулли Русия қарор кардааст, ки Халифаев ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таслим шавад: “Ояндаи наздик ӯ ба Тоҷикистон истирдод мешавад ва онҷо ӯро маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 12 сол интизор аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |