Бахшҳо

Оҷонсии зидди фасод, “амвол”-и пинҳони вазиронро ошкор мекунад (ВИДЕО)

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар Тоҷикистон масъул шудааст, то дуруғгӯии аъзои ҳукумат ва пайвандонашонро дар бораи дороии онҳо ошкор кунад.

Амрихудо Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми май дар ҳошияи ҷаласаи парлумон ба хабарнигорон гуфт, Оҷонсии зидди фасод метавонад, санҷад, ки то куҷо эъломиҳояи пешниҳодкардаи аъзои ҳукумат ва оилаи онҳо дурусту воқеӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, нафароне ҳастанд, ки дороияшонро пурра нишон намедиҳанд ва муқаррароти нав дар қонунгузорӣ барои боз ҳам баланд бардоштани масъулиятнокии аъзои ҳукумат аст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 17-уми тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки бар асоси он аъзои ҳукумат ва аъзои оилаи онҳо муваззафанд, ки ҳар сол эъломияи молу мулкашонро пур кунанд ва ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз раис, сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.



Мӯҳр
Вакил
Бехтарин икдом ва аввалин кадами мусбат дар рохи хидмат ба ватан ва халк. Ахсан ба Агенти ва вакили мардуми Дамдоров Амрихудо. Баьзе раисони ба ном ватандуст ва дар асл душмани точик дороихои хангуфт ва бустонсарову заминхоро дар навохии кишвар ва махсусан Варзоб гасб кардагиян ва ба номи шиносу хешовандонашон сабт кардан. Бояд ки чиддан ва амик санчида шавад. Ин амали нек ба фоидаи давлат ва сатхи некуахволии мардуми кишвар аст.

Депутат
Эхе хестед, ки хобед, мардуми точик он каар содда нест, ки хама дороихои худро фош кунад, оли дида бестед, роххое меёбанд, ки хабардор намешавед, ки ин як корманд чи сарвату боигари дорад. Дар номи нафаре онро сабт мекнунанд, ки хеч тасаввур намекунед. Аммо ин икдом хуб аст, зеро каму беш чашмашон метарсад то амволи мардумро горат кунанд!!

Шахрванд
Хуб мешуд ,ки мудирони кудакистоу директорони мактабхои ш.Душанберо месанчиданд,рохбарони босаводро аз Кор озод намуда ё ратация карда яке зану хохару чияну янаву фолон шахс географияш мувофик гуфта рохбар мемонанд.Ягон кас намепурсад оё саводи Комил ётачрибаи кори дорад? Таълиму тарбияро дуруст бурда метавонад?.....вой бар холи фарзандони мо......

Ин бехтарин кор. Ба фикри ман корро аз собик Раис Ш Хисор Сабзов Усмон сар кадан даркор

login
Агар пулхояшонро дар бонкхои хорича нигох дошта бошанд чи?

гост
Ин қадар тағйиру аммо ҳеҷ кадоме ба куллӣ риоя намешавад.

Хами раиси фурудгохро хамрохи раиси точик эйр санчан

Номдор
Икдоми хуб аммо боз хамин агенти назорат мекунад ягон макомоти дигарро пешниход мекарден хуб мешуд

ш душанбе
кумитаи налогро ва гумрукро санчидан даркор аст ..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)