Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:23

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Ҳеч ҳамосаи ҷаҳонӣ бо “Шоҳнома” ҳамсангу ҳамвазн нест

17 май 2017, 14:20

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро шоҳкории беназир унвон карда, таъкид намудааст, “ҳеч ҳамосаи ҷаҳонӣ бо ин беҳин номаи бостон ҳамсангу ҳамвазн нест”.

Ин нуктаро Неъматулло Эмомзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои марбут ба “Шоҳнома” - наққошии Бобаки Гермчӣ - ҳунарманди эронӣ дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) иброз доштааст. Ӯ дар идома афзуда, ки дар Тоҷикистон пиру барно бо ҳамосаи сухансарои камназир ошноанд ва ин асар, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофиёӣ, зебоишиносӣ дорад, дар батни зиндагии тоҷикон нуфуз намудааст ва аксари хонаводаҳои тоҷикон номи фарзандони худро бар пояи ин асар интихоб мекунанд.

Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО ба “Озодагон” гуфт, сафири Тоҷикистон изҳор дошта, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар пояи достонҳои “Шоҳнома” ширкати “Тоҷикфилм” 3 филм сохта буд, ки бо таваҷҷуҳ ба тарғиби арзишҳои маънавии мондагори ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, хушахлоқӣ ва гузашту фидокорӣ аҳамияти худро аз даст надодаанд. “Давлати мо муҷассамаи донои Тусиро дар дили пойтахти кишвар гузошт ва чандин мактабу кӯча ва ноҳияеро дар кишвар ба номи пири суханварони Аҷам номгузорӣ намудааст ва ҳамасола ба посдошти ин абармарди олами адаб маҳфилҳои “Шоҳнома”- хонӣ баргузор мешаванд”,-гуфтааст вай.

Ба қавли оқои Эмомазода, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ки ҳамасола дар 15 май барпо мешавад, дар шаҳрҳои Язд, Кирмон, Машҳад ва Нишопур ширкат намуданд.

Имсол рӯзи накӯдошти Фирдавсӣ ба унвони рӯзи посдошти забони форсӣ-тоҷикӣ эълом шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!