Бахшҳо

“Амри маъруф”-и Абдуқаҳҳор ба “фанатик”-ҳои фаъолу зиёиёни хомӯш

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бо нашри як матлаб аз фаъолии “фанатик”-ҳои нимаколасаводнок ва хомӯшии зиёиёни тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интиқод кардааст.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, бо нашри изҳорот дар сафҳааш дар Фейсбук изҳор доштааст, ки “фанатик”-ҳо дар ин шабака минбарро аз зиёиён гирифтаанд: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Фейсбук як зумра нимаколасаводфанатикҳо корбаранд, ки тақрибан ин минбарро аз равшанфикрону зиёиён гирифтаанд. Мабодо як ҳарфе риндона гӯйӣ, ё дар мавзӯе изҳори назар намоиву сари бемағзашон қабул накунад монанди галласагони ваҳшӣ ё кафторон "ҳуҷум" мекунанд. Онҳо ба дилхоҳ ош, ош қатиғ ва ба дилхоҳ суҳбат ҳамроҳ шудаву насиҳату васият ва ҳатто таҳдиду такфир менамоянд”.

Оқои Абдуқаҳҳор мисол овардааст, ки рӯзи гузашта дар бораи Авастову Зардушт , ки таъриху фарҳанги пурифтихорамон аст, маълумоте доду аз ҷониби “фанатик”-ҳо “борон”-и таҳқиру маломат ба сараш рехт: “Инҳо, ки “Қоидаи бағдодӣ”-ро ғоибона ва бо ҳуруфоти кириллӣ “хатм” кардаанд, ҳатто аз номи шариат фатво медиҳанд. Аҷобаташ боз дар он аст, ки 24 соат дар шабакаанду намедонам кай масҷид мераванду кай намоз мехонанду кай ниёиш мекунанд. Кофарро мазаммат мекунанду ихтирои кофар интернетро минбар”.

Ба гуфтаи муаллиф аз ҳама аламовараш ин аст, ки зиёиёни мо ба хотири он ки дар “рӯйхати сиёҳ”-и “фанатик”-ҳо наафтанд, садо баланд накарда таҳаммул мекунанд.

Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар хитоб ба зиёиёни хомӯш навиштааст:

Таҳаммул гар чи маҳмуд асту нафъи бекарон орад,
Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.


Ба гуфтаи директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ “бетарафии мо буд ки аз дасти ин чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш Империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем. Ҳамин мутаасибон Рӯдакиро кӯр карданду Фирдавсию Синову Носирро дар ба дару бе хонаву дар. Ҳамин ҷоҳилон пеши раҳи олиму ихтироъро гирифтаву Фарангро пешгом намуданд”.

Дар охир Абдуқодири Абдуқаҳҳор фанатикҳоро гунаҳкори ҷавонмарг шудани демократия дар Тоҷикистон хондааст: “Ҳамин фанатикҳо Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду демократияи ҷавонро ҷавонмарг. Ҳаминҳоянд, ки Ироқу Шомро аз хуни мусалмон оғӯшта карданду Ислому мусалмонро дар ҷаҳон беобурӯ. Ва боз чанд ҳаминҳои дигар...”.

Мӯҳр
холис
ин шахсони шумо мегуфтаги аз хаиин хисоб зиндаги мекунанд вайхо хеч намехохан ки нонашона ягонкас нимта кунанд онхоро гапашон дигару корашон дигар чихелеки шумохам ду 15 як 30 вой бар холи халки заматкаш

Сиёвуш
Абдуқодири Абдуқаҳҳор худ заъфу бесаводиашро намоиш додааст. Бояд бо далел ва илмона назарашро баён мекард.
Одами бесавод исбот карда натонад даъвоашро туҳмату савсатаву фалсафаи ботилро истифода мебарад.
Агар аз худатон бовари дошта бошед як баҳс ё мунозараи илмӣ ташкил кунед боз мебинем ки аз куҷо мехонед.

Хак ба чониби шумост устод. ба мисли як алошак шак хастан ки вакте чорвоеро забт мекуни ба муру малах ва ба тамоми хашароту хазандаву даранда хабар мерасонанд ва худашон бошад окибат лукмаи ким кадом саги хунхор мегарданд

АНТИ ВАХОБИ
САЛОМ УСТОД,
БА НАЗАРИ МАН ДУРУСТ КАЙД КАРДЕД.ДАР ПУШТИ ХАММАИ ИНХО ВАХОБИЯТ ВА САЛАФИТ КИ БАРХОСТА АЗ ЯК ДАРАХТИ ДУШМАНИ АСТ МЕИСТАД.ИМОМ ХАТИБИ ВАХОБИХО КИ ДАР АРАБИСТОНИ САУДИ МЕНИШИНАД ФАТВО ДОДААСТ КИ ХАРКИ БАР ЗИДДИ МО ГАП ЗАНАД У МУСАЛМОН НЕСТ ХАТТО КУШТАНАШ РАВОСТ.
ИН ГУРУХХО КИ ХУДОИ БУЗУРГ ЗАРРАЕ АЗ НЕЪМАТИ ИЛМ БАРХУРДОРАШОН КАРДААСТ ФИКР МЕКУНАН ХАРЧИ ИНХО ГУФТАН ИСЛОМИ НОБ ХАМОН АСТ ВАЛЕ ДАР ХАКИКАТ АКСИ ИН АСТ
МО АХЛИ СУННАТ ВА ЧАМОАТ КУШИШ БА ХАРЧ БОЯД ДИХЕМ ТО ИН ДУ ГУРУХИ ИФРОТИ КИ ХУДРО СУННИ МЕГИРАНД ВАЛЕ ДАР ЗИДДИ СУННИХО БАРОМАД МЕКУНАН АЛБАТТИ МНРО ОШКОР НАМЕКУНАНД

агар мардвори бахо дихем хамин асабонияту эхсосоту суханронии ШУМО аз хамон фанатикхо бадтар асту хуб не аз хамон китобхои китобхонаатон истифода кунед шояд суханхои хуб пайдо кунед

Донишгох
Ин нафар худ ба сатхи толибилми мактаби хамагони аст ва уро камина медонам, ки худ чи сатх дорад, Точикистонро галстукбандхои кавдан хам ба чанг кашиданд, ба арзишхои мардум бояд нараси ва ин рафторат комилан номакбул аст, яктарафа бахо медихеду боз хамон кохи кухнаро бод медихед. Чи мо намедонем, ки аз хонаводаи мардуми кухистон як тоифаи боевикхо то чуробакхои чиркини кудаконашонро кашида бурданд, то сандуку себхои дар таххонахо чина мондаашонро. Дар Душанбе чи беспределхо буд ахз ин харф намезани, иборхояшон то хол дар забони мардум мечархад, ба монанди пржни сарум кандагияй ва даххо фразахои дигар. Каме шарм дор, бародар, хама ба мисоли фикри худат гулу гаранг нестанд. Каждый измеряет по мере своей испорченности.

Paymon
Sad dar sad tarafdori Abdukodiri Abdukahhor hastam. In majmunchaho dar hama joj hastand, hudashon "farishta" digaron kofar.Hudashon duzd,hudashon galizu razil, vale ba digaron az hudo hidoyat metalaband.Du kalimai zaboni modariashonro vasl karda nametavonand, vale biser mehohanhd,ki shumoro nodon nomandu tahkiru dashnom kunand...

Чамшед
"Бузургтарини,бузургхо"о хамон ба гуфти худатон нимчала саводхо бо далели илми бахс накардед,пеш аз маколаи фитна ангезона навистан аккалан яктояшро маглуб менамудед бо далел.Агар назаратон нимчахоя нагирад,аз нимчахо болотарош хастан,шумо худ номхояшонро ба гуфти русхо прекрасно медонед,чег занеду бахси илми кунед.Мо хонандагон мебинем,ки нимчахо голиб меоянд ё шумои донишманд ва "бузургвор"Фарух,

интернет ин минбар барои ҳамма шуд.акнун таҳаммулкунии ҳаммаи ақидаҳоро бояд омухт.Ин интелегенсияи шумо мегуфтаги бо шиори ТУ БА МАН НАРАС.МАН БА ТУ НАМЕРАСАМ.зиндаги доранд.

Ба Абдуқодири Абдуқаҳҳор !
Вақтҳои охир шумобарин "Зиёиён" агар хомуширо ихтиёр карда бошед ,наход корбарони шабакаҳо гунаҳкор бошанд...
Шумо фаъол нестед! Ана бо ҳамин хотир ҷавонони имруза дар майдонанд ,вакте шумо шоирону класикони тоҷикро ёдовар мешавед ,боре бо ҳамон муҷасамаҳову расмони онҳо ақалан назаре кардаед?
Мафкураи шумо куҳнашудааст бо шумо адабиётшиносону фарҳангдону забондонон ,имруз қариб,ки забони модарии мо фарҳанги мо аз байн рафта истодааст ,лек хомушеду хомуш..
Аз тарзи суҳбататон маълум аст ,назарҳои бемантиқатона доред ,агар зарае номуси милли медоштед бародарону ҳамдиёрони моро (галласагону тахтаришу кусаришу ва ғайраҳо) ном намебурдед.
Ин рафтори шумо алакай бефарҳангии шуморо нишон дода истодааст!
Аз бемасъулиятии шумо ҷавонон бо ҳар роҳҳои ношояму гуруҳҳо мепайванданд ,ҳамаи бесару сомониҳои миллат аз ноуҳдабарои шумо гувоҳи медиҳад.
Рудакироҳам мумкин бо хотири риш доштану бо тақво буданаш шумо барин (зиёиёни бефарҳанг !) кур кардед ва имрузҳам ҳамонеду ҳамон!
Сабаби (дар таҳхонаҳо кур курона азёд кардани қоидаи бағдодиҳам) шумоед ,чаро имрузҳо бо ҷои ин аз паси илму фарҳангу забони модарии худ нестед?
Бо ин рафторатон ҷавононро аз худу аз фарҳангу илм дур месозед ,ҳол онки вазифаи шумо ҷалб карданаст ва бо мардуми шарифи Тоҷикистон ,дастоварду муваффақиятҳо нишон доданаст .
Дар чунин як вазифаи пурмасулият ,бо инхел шева сухан гуфтан ...
Банда чунин дарк кардам ,ки дар ҳақиқатҳам илму фарҳанг дар ватанамон хор гаштааст...........
Озодагон мутмаъинам мерасонед (бе қайчи) .

1
Меъёри хомуш будан барои ин чаноб чи бошад?
Агар дар мукобили нимколасаводони фанатик харф назадан, хомуши бошад? Дар мукобили чахолату зулм харф назадан, чи аст?

хабиб
устод акли онхо ба фахмиши ин гуфтахои шумо намегирад. холл онхо боз хакоратбозиро сар мекунанд

Чамшеди ориёи
Абдукахор рост мегуяд. Дар мукобили ифротигарои ва чахолати мазхаби хомуш истодан маънои ба пахншавии онхо мусоидат кардан аст. Ифротихо аз диндории мардум суиистифода карда онхоро ба ботлоки таасубу хурофот мекашанд. Хато як кисми олимон ба таблиготи онхо гирифтор шудаанд. ин дар холест, ки ягона сарчашмаи дурус ва боэътимоди дониш дар бораи офариниши одаму олам илму хирад аст, акидахои дини хеле сода ва тахаюли мебошанд. Аврупоиён инкилоб карда аз асорати афкори хурофоти ва тахаюлии мазхаби халос шуданд ва таракки карданд. Мо бошем бачои илмро пеш бурда зиндагиамонро бехтар ва хуштар кардан кисаву афсонахои арабиро гуфта гаштем. Мрдум то пайдо шудани хамин ришдоракхо ва почакутоххо мусулмон буданд, ифроти ва мутаасиб набуданд. Чомеъа дар мукобили ифротгарои ва хурофот набояд бетараф бошад.

беном
Як пешниход биеед як бахси илм кунем озодагон шумно имконияташонро фарохам кун.

беном
бо инаш азкучо пайдо шуд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)