Бахшҳо

Ғаффоров ба генерал: Чаро роҳкирои барзиёду сарбории нақлиётро нодида мегиред?

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 17 май дар парлумон дар ҳузури генерал Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ масъалаи барзиёд гирифтани роҳкиро ва аз меъёр зиёд савор кардани мусофиронро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён гузошт.

Ғаффоров аз Абдураҳмон Аламшозода, ки барои шарҳи тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба парлумон омада буд, хост, мушкили надодани 40 дирам бақияи мусофирон ва сарборӣ дар нақлиёти ҷамъиятиро шарҳ диҳад. Ба гуфтаи ин вакили парлумон танҳо дар 11 моҳи соли гузашат нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ба 113 ҳазор мусофир хидмат расондааст ва 40 дирамии мусофирон, ки баргардонда намешавад, дар маҷмуъ миллионҳо сомониро ташкил медиҳад.

Дар посух Аламшозода масъалаи роҳкирои барзиёдро масъулияти Хадамотҳои махсуси танзимкунандаи соҳаи нақлиёт хонд.

Ба қисмати дигари суоли Ғаффоров, ки мусофирбарҳо ба ҷои 10 нафар 12 мусофирро савор мекунанду кормандони БДА дидаю дониста масъаларо сарфи назар мекунанд, муовини якуми вазири умури дохилӣ гуфт: “Дар мавриди аз шумораи муқарраршуда зиёд савор кардан, даҳҳо ҳазор қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин хусус ҳамарӯза фаъолият аст, ба танзим дароварда истодаем”.

Дар мавриди тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул гардид, Абдураҳмон Аламшозода гуфт, ин лоиҳа бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти дохилӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Тоҷикистон, қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар таҳия шуда, мафҳуми «воситаи нақлиёт» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
20 сол аст ки ин масала халли худаша наёфтааст ягон чора ягон сохтор дигаи нест кай вакте ки гап сари ин масала шуд ин ба ухдаи мо нест мегуян ба ухдаи ки аст набошад на танзимаш ба кала мегирад на дигар сохтораш равен гарден дар тамоми терминалхо кани бинед ки ба ки бакия медиханду чанд нафар савор мекунанд

бе ном
Рахмат ба Гаффоров!

ронанда
вакте ки мошинхои худай старекс ба каламрави ЧТ ворид гардидан нархи рохкиро 1сомони буд ва нархи сузишвории дизели 2сомони буд акнун нархи сузишгории дизели аз 6 сомони хам гузаштааст аммо нархи рохкиро хамаги 1сомонию 60 дирам шудааст боз бар зами ин хамаруза дар автобаза то 10 сомони масраф мекунем мухтарам Абдуҳалим Ғаффоров, ба изати нафси шумо расидани нестам аммо вакили Маҷлиси намояндагон, на кам аз 5000 сомони маош мегиранд ягон нафар фикри ронандагони мусофиркашро мекунад ё не.

мардон
ин депутат аст йо ки фантомас??
чаро сухане намегуяд дар бораи казияи корупция?
е ки холо фармон ай боло наомадаст?

Бале, мухтарам вакил, хуб гуфтед. Миллионхо сомони...!. Хазорхо мехмонон ба Душанбе ворид шуда, ин "лахзахои гуворо"-ро мебинанд. Вале ин айб мансабдорони точикро хичолат намедихад, чунки онхо кайхо "гуломи халкабаргуши" нафс шуда рафтаанд.

Масьалаи харакат ва танзим дар сохаи наклиет,барзиед гирифтани хаки рохкиро аз мусофирон,аз меьёр зиед савор кардани мусофирон ин масьалахое хастанд ,ки дар шахр хеч вакт рохи хали худро намебад. Касе хам ин мушкилиро ба ухда намегирад ва бахри бартарафсозии он намекушад. Чунки аз саргуми мардум ва зери бори гарони зиндаги будани мардум ба манфиати давлат мебошад. Маоши кам. Набудани чои кор.Мухочират. Ин хама мушкилихое мебошад ки хамеша мардум бахри бартараф кардани он, пайдо намудани як пора нон бахри зиндагии худ мекушанд. Ва он нафароне ки руи курсии нарм вазифа нишастаанд аз ин саргумии мардум хеч парво надоранд ва фоидахам ба даст меоран, то мардум хамеша саргум бошанду паи даьвои чизе ба хукумат мурочиат нанамоянд. Дар асл ба тартиб даровардани сохаи наклиет фикр мекунам кори мушкиле нест. Кортхои элекрони т ва чипта ташкил намуда мисли дигар давлахои пешравта ва ё метро дар Руссия аз ин имкониятхо давлат истифода бурда хам танзим ба вучуд меояд хам давлат фоида ба даст меорад. Ва хам мардум хар гохе ба автобусу тролейбус савор мешавад 30, 40 дирам зарар намебинад

Салом
Рахмат ба Гафоров масалаи автобусои наву тралебусхои кухнаро хам бинед бакия намедиханд .

Man
Agar dar sol takhminan 120000 nafar khizmat rasonand 40 dirami ba sari har nafar dar majmu 48000 somoni meshavad

рахматулло
рохкиро бояд 2 сомон бошад азбаски хамина сохтори ваколатдор ду пора дар як муза монда нарха баланд намекунад ба хамин хотир ин проблема рафтан мегирад... бочд нарха бардоранд.

Салом ба вакили мачлис Гаффоров А.
Аз соли 2011 нархи маводди хурока чандин баробар зиёд шудаст, нархи барку об чандин баробар зиёд шудаст, нархи сузишвории газ ва дизел чандин баробар зиёд шуд, вале бо сабаби паст будани сатхи ичтимои ва маъишатии мардум нархномаи рохкиро баланд карда нашуд ва имруз хамон бечорае, ки аз хама намуди хизматрасонихо дида хизматрасонии воситахои наклиёти мусофиркаш арзон аст, аз Шумо вакилон гап мешунавад. камбагалро дар болои уштур саг газида аст. чаро ба бозори сузишвори ва магозахои запчастфуруши назаре намеандозед то бубинед, ки чикадар нархномахо гарон шуда аст. 7 сол шуд наклиётчихои пойтахт кушиш ба харч медиханд то нархномаи ягона дар хамаи самтхо тасдик карда шавад вале касе пешниходи онхоро ба назар намегирад.
тибки коидахои хамлу накл бояд як мусофир маблаги як литр сузишвориро ба ронанда пешниход намояд ва баъд аз он дар мавриди аз меъёр зиёд саовр кардани мусофир эрод бигирад ва ронандаро муттахам намояд, то ин, ки ронанда аз меъёр зиёд мусофир савор накунед. мебахшед дар пойтахти азизи мо кадом мусофир маблаги як литр сузишвориро ба ронанда пешниход кардааст ? ба хамин саволи ман чавоб гуед.
пеш аз хама нархномаи хизматрасони дар хамаи кишвархои осёиро дида, нархномаи сузишворирохам медидед баъдан андеша карда дар мавриди аз меъёр зиёд савор намудани мусофир сухан мегуфтед.
мебахшед хамаи ронандахо ба дастгирии Шумо барин намояндахо мухточанд на ба эрод гирифтану сарзаниши Шумо.
бехтар аст аз Раиси шахри Душанбе хохиш кунед наклиёти Пойтахтро бепул ё ройгон кунанд. зеро чунин намуди арзони хизматрасонии наклиёти дар хеч кучои дунё нест.
бехтар буд бо наклиётчихо сухбат мекардед ва дарди онхорохам мешунидед. илтимос чоп кунед.

Мӯҳтарам Ғаффоров, кайҳо боз роҳкиро бе бақия, 2 сомонӣ аст. Монед, ҳамин хел истад. Беҳтараш дар воситаҳои нақлиёти мусофирбар билет ташкил кунеду аз рӯи фурӯши билет андоз гиранд.
Дуввум инки, як ба фурӯши обу барқ ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир мекардед! Чаро нархи оби нӯшокӣ ҳамасола боло мераваду сифат ҳамоно қуму кирму чирму лойоба? Чаро нархи барқ боло мераваду мо ҳеҷ гоҳ шиддати 220 v ро намебинем. Илова бар он ҳар вақте хоҳанд барқро як соату ду соат қатъ мекунанд? Проблемаи маршруткаҳо дуруст аст, вале он дар баробари дигар проблемаҳои фасодкорӣ ва беадолатии иҷтимоӣ ҳеҷ аст. Ҳамон маршруткаҳо ҳастанд, ки мо зуд ба кору манзил мерасем, вагарна бо автобусу троллҳои давлатӣ саҳар роҳакӣ шавем, бегоҳ мерасем. Сангпушт аз онҳо тезтар мегардад.

Мухтарам Чаноби Гаффоров, масалаи рохкирои 2 сомонаву 40-дирами бакияро яктараф монеду, казияи халтахои пулу тиллохо, хонаву бустонсарохо ва бункерхову Чиппхоро бардоред, то барои дигар порахурон дарс шаваду дигар такрор накунан. Мардум дар дехот пул намеёбанд як кило шакару макарон харанд, хамаи ин маблагхо аз кучо????????????

Худойназар
Хамин Рустами Эмомалй натавонад, дигар касе наметавонад. Рустам метавонад! Бидуни хаёхуй бисёр корхоро хал када истодааст...

Вой алами Гулъизор вой вой вой. Аку Гаффоров мехоха проблемахора хал кна. Ба фикрм и мардак худша да хоричихо нишон мета о ту проблемахои чои кора бин. Е дар беморхонахо хазор хазор сомонира мегран бо да вайхо давлат чида ойлик мета? Як духтур мада гуфт 1рузда 1,5хазор сомон пул меефтай. О и масъалахо дахл кун. Ээээээ акаи Абдухалим бра хаму такмили ихтисосда кор ку. Хами Пешво хамика кушиш мекна бо медузан мехран. Барои чи депутатои Киргиз мошини хидмати надоран?

Беном
Чаноби Гаффоров шумо фикр намекунед.ки ин 1.60 дирам соли 2011 конун кабул шуда буд.он вакт нархи сузишвориву запчастхои мошин хеле паст буд холо чи як литр солярка 5.60 70 динам шудаги газ 3.20 дирам запчаст бо долар хар руз штрафора зиед кардесан ина фикр намекунен ёфтаен хами шаферора.!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)