Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:20

Пурсиши “Озодагон”: Кӣ бояд академик шавад?

18 май 2017, 09:52

Дар назар аст, рӯзҳои наздик Академияи илмҳои Тоҷикистон озмуни интихоби академик ва аъзо корреспондентҳои ин ниҳодро баргузор кунад. Дар ин робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: КӢ БОЯД АКАДЕМИК ШАВАД?

Ҳафиз БОБОЁРОВ, файласуфи тоҷики муқими Олмон

Дар самти илмҳои гуманитарӣ профессор Султон Наврӯзов бояд кайҳо академик мешуд, вале бо сабаби маҳалгароӣ ва ошнобозӣ дар долонҳо ва дафтарҳои кории Академияи илмҳо ин кор 50 сол аст, ки намешавад. Дигар мушкилии Академия сиёсӣ будани унвонҳои академикӣ мебошанд. Яъне, онҳое академик мешаванд, ки ангушти ишорати сиёсат ба сари онҳост.

Султони ҲАМАД, рӯзноманигори мустақил

Миёни олимони адабиётшиноси тоҷик олиме, ки кайҳо ин унвонро бояд сазовор мешуд, албатта устод профессор Худоӣ Шарифзода ҳастанд. Профессор Худоӣ Шарифзода яке аз сермаҳсултарин ва дар хориҷ аз кишвар яке аз маъруфтарин донишманди ин соҳаи илми Тоҷикистони азиз мебошад. Заҳматҳои устодро дар кишварҳои ҳамзабон қадрдонӣ намудаанд. Осорашро донишмандони соҳаи адабиёти ин кишварҳо пайваста меомӯзанд ва дар корҳои илмии худ аз онҳо ҳамеша истифода мебаранд. Тадқиқоти нодири ахири устод “Шоҳнома” ва шеъри замони Фирдавсӣ”-ро олимони ҳамзабон ҳамчун як кашфиёте дар “Шоҳномашиносӣ” эътироф карда, устодро сазовори ҷоизаи Бунёди байналмилалии Саъдӣ донистанд. Ман гуфтаниам, ки устодро хеле пештар аз мо дар кишварҳои ҳамзабон ва олимону шарқшиносони кишварҳои Ғарб ҳамчун “академисян”эътироф мекунанд. Агар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат устод Худоӣ Шарифзодаро ба ҳайси академик эътироф кунад, ин иқдом маънои дар як кори хеле муҳим аз сӯи ин ниҳоди илмӣ риоя шудани инсоф ва адолатро нишон хоҳад дод.

Умед ҶАЙҲОНӢ, пажуҳишгар

Узви Фарҳангистони улум бояд донишмандоне бошанд, ки донишвару фарҳехта ҳам бошанд ва дар риштае аз дониш пажӯҳиш кардаву бар донистаҳо афзудаву онҳоро густарда бошанд. Фарҳангистонҳо худ меъёре барои узвият доранд ва ҳар донишманде, ки ҷавобгӯи ин меъёр бошад, метавонад узви фарҳангистон шавад. Ном намебарам, чун касеро шахсан намешиносам.

Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос

Ман огоҳии комил аз вазъи илмии кишвар надорам. Олими шоистаи академикиро ҳам суроғ надорам. Ягон кашфиёти илмии чашмрас тайи як даҳсолаи ахир набуд, ки ситоиш кунам ё буду ман хабар надорам. Мо унвондорон зиёд дорем, вале илм дар Тоҷикистон пешрафти назаррас надорад. Бахусус дар соҳаҳои техникиву илмҳои дақиқ. Кашфиёти назаррас агар набошад, унвонҳои баланду болохонадор ба кӣ лозим? Шояд бошанд олимони муътабаре, ки кашфиёташону пажуҳишҳояшон ҷавобгӯи ин гуна унвонҳову рутбаҳои илмӣ бошад. Вале ман шахсан ягон нафарро (дар посух ба саволи шумо, албатта, вагарна фикри моро кӣ мепурсад?) наметавонам пешниҳод кунам ё гӯям, ки фулонӣ арзанда аст.

Муҳриддин НИЗОМОВ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ман дар мавриди соҳаҳои дигар чизе гуфтанӣ нестам, вале дар бахши филология ду нафар устодони донишманд ва соҳибмактаб - профессорон Худоӣ Шарифзода ва Абдунабӣ Сатторзодаро сазовори унвони аъзо- корреспонденти АУ ҶТ медонам. Эшон бояд хеле барвақт ба ин унвон мушарраф мешуданд... Акнун, ки чунин фурсат расидааст, ба подоши заҳамоти чандинсола дар илми адабиётшиносӣ эшон ба дарёфти ин унвон пешниҳод карда шаванд. Сазовор гаштани ин ду донишманди муътабар обрӯи АУ ва манзалати унвони аъзо-корреспондентиро боло хоҳад бурд.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раҳбари ҲСД дар ВМКБ

Албатта академики миллӣ дар куҷое набошад, бояд олими сатҳи ҷаҳонӣ бошад ва ба ҷуз давлати худ дар дигар давлатҳо ҳам эътироф шуда бошад. Хубтар мебуд агар дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз унвони фахрии профессори ин донишгоҳ(ҳо)-ро доро бошад. Лекин аз нигоҳи банда имрӯз мо ҳатто кам андар кам докторҳоеро дорем, ки унвони докториро дар яке аз донишгоҳҳое, ки аққаллан дар рейтинги даҳгона ё бистгонаи байналмилалӣ бошанд, соҳибанд. Ба сари худамон метавонем касеро хоҳем академик эълон кунем, вале ин академикҳо чӣ корҳои назарраси илмӣ доранд ва чи тарҳе барои ҷомеа пешниҳод кардаанд, касе намедонад. Ман ки шартҳои пазируфтан ё додани унвонҳоро намедонам, шояд тавзеҳ дода мешавад, ки ба кӣ барои чӣ корҳое ин унвон дода мешавад.

Алӣ АЛИЗОД, таҳлилгар

Аввалан мехоҳам як нуктаро ёдрас шавам, ки пешбарии номзад барои академику аъзокорреспондентҳо бояд новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва ваъзи иҷтимоии ӯ бошад. Баъдан, имрӯз ман номзаде, ки сазовори пешбарӣ кардан барои академик ё узви вобаста бошад, намедонам. Чунки номзади ҳақиқӣ бояд дорои кашфиётҳои илмие бошад, ки натиҷаи онро мо дар зиндагии ҳаррӯза ҳис кунем, истфода барем. Дар кадом соҳае, ки набошад: иқтисод, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетика ва ғайра. Мутаасифона, имрӯз дар Тоҷикистон чунин олимро ман намедонам. Шояд вуҷуд дошта бошад, вале то ҷойе, ки мо пайгирӣ мекунем, надидаем. Умуман худи Академия ҳамчун ниҳод моҳияти худро дар замони пасошӯравӣ, қариб гум кард. Олимони мо, ки аъзои Академия ҳастанд, имрӯз қобилияти гузаронидани тадқиқоти асосии илмие, ки сабаби осон гардондани бархе масъалаҳои муҳими зиндагӣ бояд шавад, надоранд. Абатта инҷо сабабҳо зиёд ҳастанд, аммо сабаби асосӣ ин сатҳи пасти “квалификация”-и олимону академикони мо мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • КИТОБХОН

  • 18 май 2017 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АНВАР АБДУРАСУЛОВ, фИЗИКДОН, САИДМУХАМАД ОДИНАЕВ ФИЗИКДОН, НОДИР ОДИЛОВ ФАЙЛАСУФ, БОЯД АКАДЕМИК БОШАНД
Посух додан
  • Кадушох

  • 18 май 2017 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оиди ин назарпурсии мухим ба акидаи устод Бобочон Шафеь ва Али Ализод сад дар сад хамфикрам. Академики чоплус махалгаро мансабталош ба мо лозим нест. Рухи поки академикон Осими Бобочон Гафуров Манийозов Мухторов Рачаб Амонов Рачабовхо Мирзоев шоду масрур бод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо 100$ изофапули барои академисянхо ва 50$ барои узви вобастахо дигар чи ч,ойи такозои болохонадор аз онхо.
Посух додан
  • беном

  • 18 май 2017 13:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шохиён Нурали Набот дар хакикат кадри арзанда хастан бояд Акадамек бошад
Посух додан
  • Шогирд

  • 18 май 2017 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зариф Ализода яке аз шахсиятхои барчаста ва арзанда хастанд барои гирифтани унвони академики, чунки эшонро хамчун олими тавоно хам дар дохил ва хам дар хоричи кишвар эътироф мекунанд.
Посух додан
  • фархангистон

  • 18 май 2017 13:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайдаршо Пирумшоев, таърихчи, бояд академик мешуд.
Посух додан
  • хонанда

  • 18 май 2017 13:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То имруз бекитобхо академик мешуданд, дар оянда низ хамонхо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачиб аст.. Барои он ки мо академикхоро интихоб кунем, бояд зиёдтар аз академикхо дониш дошта бошем, дар кадом сохае набошад. Лекин ин мисли оне мемонад, ки донишчуён ба муаллим бахо мегузоранд. О, находки то ин дарача фахищи мо оиди "пурсиш" паст бошад. Хатто баъзан донишчуёне, ки андеша карда гап мезананд, инро дарк мекунанд ва ба муаллим савол мегузоранд, ки чи тавр ман бо ин фахмиш ба Шумо бахо гузорам. Ё дар вакти презентатсияи фанхо мепурсанд, ки бояд инро дар сатхи болоии маориф муайян кунанд, ки мо кадом фанро хонем, кадомашро не. Айб аст ба Худо!
Посух додан
  • Донишманд

  • 18 май 2017 15:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар бораи илми тоҷик ва академикҳо Алим Шерзамонов ва вай баринҳо муҳокимаронӣ кунанд вой бар ҳоли ИЛМ. Дар бораи илм бояд олимон гап зананд на одамони қади кӯча.
Посух додан
  • Муаллим аз Корвон

  • 20 май 2017 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дигар соҳаҳо гап намезанам. Вале дар соҳаи иқтисод ҳама академикҳо, аъзҳо, аъзо-корреспондентҳо қалбакианд, аягон тоаш намеарзад. Даъво дошта бошанд, бо онҳо рӯ ба рӯ шуда ду-се саволашон аз соҳаи худашон медиҳам. Бигузор ҷавоб диҳанд ва исбот кунанд, ки олиманд. ҳатто олим ҳам нестанд. Ба ғӯайр аз Умаров Ҳоҷи...,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!