Бахшҳо
18 май 2017 10:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Соҳибони ҷоизаҳои асосии иқдоми “Смартфони ҳаррӯза” аз Tcell эълон шуданд

Иқдоми “Смартфони ҳаррӯза 2017” аз ширкати Tcell анҷом ёфт. Ширкат бори дуюм аст, ки чунин иқдомро баргузор мекунад. Он 27 марти соли равон оғоз шуд ва то 15 май идома кард. Давоми 50 рӯз ширкат миёни муштариёни худ ҳамарӯза 5 смартфони нави тамғаи “Huawei Y3 II” ба бозӣ гузошт.

Шарти иштирок дар иқдоми мазкур аз ҳад содда буд: муштариро мебоист тавозуни телефони худро ба маблағи 5 сомонӣ ва аз ин бештар пур намояд. Барои ҳар 5 сомонӣ муштарӣ тавассути смс-пайёмак рамзи инфиродӣ дарёфт мекард. Туҳфаҳо тавассути ҳамин рамзҳо бурд карда мешуданд. Ҷараёни бурди туҳфаҳо ҳамарӯза бо усули лоторея дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza дар Душанбе сурат мегирифт. Ин раванд аз соати 8:40 то 9:20 дар эфири мустақими радиои “Ватан” пахш мегардид. Бо ғолибон баъди муайян шудани рамз кормандони ширкат ва аз эфири радио тамос гирифта мешуд.

16 май бурди ҷоизаҳои махсус сурат гирифт. Дар ин рӯз 5 телевизори TV LED LG SMART, ки ҳамчун телевизорҳои ҳушманд маъруфанд соҳибони худро ёфтанд. Дар қисмати финалӣ тамоми рамзҳои инфиродӣ ё ID-ҳо, ки давоми 50 рӯз ба даст омадаанд, бозӣ карданд. Ба дафтари асосии ширкат муштариёни зиёде ҷамъ шуданд ва ҳар рақами аз лототрон баромада, бо як эҳсоси аҷиб мушоҳида мегардид.

Ду SmartTV насиби муштариён аз шаҳри Душанбе гардид ва онҳо дар як расми тантанавӣ онро гирифтанд. 3 TV-и дигар ба наздикӣ ба соҳибони худ дар минтақаҳои Тоҷикистон расонда мешавад.

Дар тамоми тӯли баргузории иқдом ширкати Tcell ба 250 нафар смартфон тақдим кард. Афроди комилан гуногунтахассус ғолиби иқдом мешуданд. Миёнашон донишҷӯ, нафақахӯр, сохтмончӣ, варзишгар, фурӯшанда ва кормандони ширкатҳои мухталиф буданд. Онҳо аз ҳар гӯшаи кишвари азиз барои туҳфаҳои худ меомаданд. Аммо имсол ҷуғрофиёи иқдом танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд нашуд. Дар ин иқдом як муштарии Tcell Миа Хансениз аз Дания, Иван Баранов аз Русия ва MusahSadik аз Гана ҳам баранда шуданд. Ва иқдоми “Смартфони ҳаррӯза” тақрибан ба як иқдоми байналмилалӣ бадал шуд.
Ширкати Tcell бори дигар ғолибони иқдомро шодбош мегӯяд! Мо аз ин ки ҳар рӯз ба Шумо туҳфа медодем, хеле хушнуд будем!

Соҳибони ҷоизаҳои асосии иқдоми “Смартфони ҳаррӯза” аз Tcell эълон шуданд
Мӯҳр
Махмудчон
Хамин икдома рости нафахмидем.хамин кадар дар хисобам маблаг гузаронидам як бор бурд нанамудам.

Беха
Харруз ба камиш 10 сум мегузаронидам руш бад ягон яи нашуд ки нашуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)