Бахшҳо

Раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дигар “намояндаи Президент” нестанд

Бар пояи тағйиру иловаҳо ба қонуни конститусионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” минбаъд раисони шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо намояндаи Президент ба ҳисоб намераванд. Онҳо акнун ҳисоботдиҳанда дар назди раисҷумҳуранд.

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 18 май аз тағийрот ба ин қонун ҷонибдорӣ намуд. Муҳаммадюсуф Саидалӣ, узви Маҷлиси миллӣ аснои баромади худ изҳор дошт, ки тағийротҳо ба ин қонун асосан ба бартарафсозии ихтилофоти қонунгузорӣ ва таҳрирӣ дахл дошта, номутобиқатии меъёрҳои ҷойдоштаро аз байн мебарад.

Маҳмасаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ гуфт, дар баробари дигар тағйирот, дар қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, ки аз ин ба баъд раисони шаҳр, ноҳия ва вилоятҳо намояндаи Президент ба ҳисоб нарафта, балки дар назди раисҷумҳур ҳисоботдиҳанда ҳастанд.

Дар ҷаласаи имрӯзи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 52 масъала мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ пазируфта шуданд.
Мӯҳр
Агар вазифаи ҳамин раисҳо интихобӣ мешуд, боз ҳам беҳтар мебуд. Бигзор халқ номзадашро худаш интихоб кунад. Бисёр раисо рӯирост мегӯянд, ки онҳо ин вазифаро хвридаанд ва касе бо онҳо коре карда наметавонад.

Мухтарам Озодагон, дар ягон санади меъёрии хукукии Точикистон мафхуми раисичумхур нест, Шумо аз кучо ёфтет???????????????

99
Чаври бад шудаст ку.

мардон
чаро интихоби нестанд рохбарони нохияви?

Юсуф,
агар интихоби шавад вазифа фурухтан намешавад - чанд миллионер кам мешавад

<<аз ин ба баъд раисони шах,р , нох,ия ва вилоятх,о намояндаи Президент ба х,исоб нарафта балки дар назди раисич,умх,ур х,исоботдих,анда х,астанд.>> - ИЛТИМОС х,аминро шах,р дих,ед ,ки чи маъно дорад? мо х,ам фах,мед дех,к,онх,ои камсавод . Ин раисх,о намояндаи ки х,астад? Намояндаи халк, ё раисич,умх,ур ?. Агар намояндаи халк, бошанд , чаро Призидент таъиншон мекунад , халк, не ?

Интихобкунанда
Вакилхои Мачлиси Оли мачлиси намояндагон интихоби хастанд,аммо танхо аз ин сол ба соли дигар бо интихобкунандахои худ дар партави Паёми харсолаи Президент вохурихо доир менамоянду халос.Хуб мешуд агар раисони шахру нохияхо интихоби мешуданд мардум ину он масъалахои пайдошударо барраси карда метавонистанд ва раисонхам аз доираи талаботхои конун намебаромаданд,чунки медонанд ки мардум мегуяд мо шуморо хамчун раиси шахр ё нохия интихоб кардаем ва хоказо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)