Бахшҳо

Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, қисме аз терминалҳои пардохт, гирифтани фоизи муайян аз муштариёни алоқаи мобилиро қатъ накардаанд.

И.Салоҳ, як сокини маҳаллаи “33”-и пойтахт гуфт, чанде пештар дар сойти Хабаргузории “Озодагон” хабари ҷарима шудани ҶДММ “Пардохт.Тҷ”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, аз сӯйи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хондам: “Баъди хондани хабар ҳангоми ворез кардани пул ба телефонам таваҷҷуҳ кардам, ки терминали маҳалли иқомаи мо ҳам “комиссават” мекунад. Ин терминал мутаалиқ ба ширкати “Пайванд” мебошад ва аз замоне, ки қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шуд, ки минбаъд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо барои қабули маблағ набояд фоиз гирифта шавад, ҳанӯз ҳам фоиз мегирад. Гумон кардам, ки шояд дастур ба ин ширкат нарасидааст, вале ҳанӯз ҳам ин ширкат фоиз меситонад. Ман ҳам чанд рӯзи ахир, ҳангоми ворез кардани пул акс гирифтам ва мехоҳам аз тариқи “Озодагон” дар ин замин Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастбакор шавад”.

Ин сокини пойтахт афзуд, дастгоҳе, ки тариқи он пул ворез кардааст, дар назди Дармонгоҳи дандонпизижкии кӯдаконаи маҳаллаи мавсум ба 33, дар мавзеъи маъруф ба “Гардиши 13” қарор дорад.

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисорӣ эълон кард, ки бар асоси қарори ҳукумат соҳибони терминалҳои пардохт набояд аз ҳисоби муштариён фоизи муайян бигиранд ва ҳушдор дод, ки дар сурати нақзи ин меъёр соҳибони терминалҳоро ҷарима интизор аст.


Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)

Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)

Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)
Мӯҳр
Донишчу
Терминалхои "Пайванд" аксаран маблаги комисияро мегиранд. Инро метавон дар терминали вокеъ ба вуруд ба ДМТ, дар назди шлангбауми болои пул (чазира) собит кард.

шахрнишин
Терминалхо дар махаллаи 102-и Душанбе низ комиссияпули мегиранд. Масалан, терминалхои кучаи Н. Махсум ва бозорчаи махаллаи 102.

донишчу
Якбор рафта шахраки донишчуёна (чазира) бинан автомато чихел фоиз мегиран рохат мекуни

хамун махалаи 33 ум хама терминалош фоиз мегиран

Дарвеш
Донишчу,
донишчу,
Донишчуен бояд телефон нагиранд бохуд аммо гирифтед пас ширкатхам чунин кардаст мисли шумо

Рост гуфтед ки терминалхо фоиз мегиранд аммо ман як руз барои пул гузарони аз махалаи 46 барои пул гузарондан ба ширкати бабилон рафта 5 сомони гузарондам лекин 4 сомони рохкиро масраф кардам. Биёен аз паси дигар корхо шавем Давлатхои ба мисли Япония аз каёхон сару кор гирифтесан мо бошем фоиз гуфта гаштем....

Муштариён
дар назди боги дустии халкхои пойтахт низ терминалхо фоиз мегиранд инро кихо чавоб дода метавонанд

гост
ба фикру шумахон терминал харочот надорад чаро нархи сузишвориро наме гуен чаро тавакуфгохои беморхонахоро намегуен чаро нархои болорафтаи магозахои хурокаро намегуен эй бародарон Донишчу,

Агар бе фоиз кор кардан мешуд ,хамин сохибкорон кор мекарданд. аз фоизи гирифта шуда сохибони терминал андоз месупоранд.. Вакте ки сохиби терминал расходоша покривать накунад терминалша кушад, мачбур мешен 3-4 сомон дода то терминали сумгузарони рафтана масраф мекунен.

Муштари
Сирочака, рост мегуед, дар Япония таизот ихтиро мекунанд, боз аз хонаашон истода ба телефонашон пул мегузаронанд, Шумо бошед 3 сомони мегузаронам гуфта то ширкати Бабилон мераведу аз чори шудани маблаггузаронии гайринагдии дар Точикистон хабар надоред.

Вакте конун хаст бояд онро риоя намуд. Агар дар конун хатто 10% мукаррар кунанд, конун конун аст, вале айни хол конун муайян намудааст, ки фоиз ситонида нашавад. Сохибони терминалхо бошанд ин тарафи масъаларо бо ширкатои мобили хал кунанд. Бештари сохибони терминалхо шахсони хусуси буда. онхо на бо ширкати мобили, балки бо миёнаравхо ба мисли Леваканд, Пайванд ва амсоли инхо шартнома баста, платформаи онхоро истифода мекунанд. Аз ин ру фоидаашро миёнаравхо мебинанд, сохибни терминал бошанд, ба умеди фоизситониву пардохти хизматгузории дастгохи терминал шатта мехуранд.

55
Аз пули телефон нею аз интернет мегиранд ин рост аст.

Аз Кулоби бостон
Оё карори хукумат ба терминалхои шахри кулоб талук дорад ё не чунки ширкатхое ки терминалхои онхо насб шудаанд хамаашон фоиз мегиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)