Бахшҳо

Баъди матлаби “Озодагон”. ВКД аз таваққуфгоҳҳои “яксомонӣ”-и Қарияи Боло интиқод кард

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як гузориши телевизионӣ ба масъалаи тавақуфгоҳҳо дар назди беморхонаи Қарияи Боло дахл кард.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, афроде роҳравҳои алоҳидаи назди ин беморхонаро ба тавақуфгоҳ табдил дода, аз ронандаҳои воситаҳои нақлиёт маблағ меситонанд. Ин ниҳод мегӯяд, гарчанде тибқи қарори ҳукумат масъулини беморхонаи мазкурро мебоист дар ҷойҳои муайян барои воситаҳои нақлиёт тавақуфгоҳҳо сохта, ба истифода медод, “вале аз хунукназарии онҳо ба ном соҳибкороне сӯистифода намуда, пиёдароҳҳо ва роҳҳои асосии ворид гардидан ба беморхонаро тамоман банд кардаанд”.

Ба иттилои ВКД, ин ҳолат боис гардидааст, ки ҳатто мошини ёрии таъҷилӣ низ наметавонад озодона ба дохили беморхона ворид гардад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат имрӯз, 19 май ба “Озодагон” гуфт, бунёди чунин таваққуфгоҳҳо сабаби танбашавии мошинҳо ва нороҳатии одамон гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор дошта, нисбати масъала чораандешӣ мешавад.

“Озодагон” ҳам қаблан дар мавзӯи таваққуфгоҳҳои Қарияи Боло матлабе интишор карда буд, ки “Стоянкаҳо”-и яксомона қонуниянд? Ном дошт. Муаллифи матлаб навишта буд: “Чанд рӯз қабл ба Маркази тиббии ҷумҳуриявии Қарияи Боло, ки дар пойтахт асту ба он корафтодаҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар меояд, рафтам. Дар бари ҷониби ғарбии Марказ мошинроҳе ҳаст, ки он ҳам аз тарафи пиёдагардон истифода мешуду ҳам аз ҷониби мошиндорон. Дидам, ки ба он роҳ ресмоне кашида, нафаре нишастааст. Вақте гузаштам, ҳарфе нагуфт, аммо замони баромадан ресмонро баланд бардошт ва гуфт: “Таға, як сомонӣ те”. Гуфтам, чаро ба ту ман як сомонӣ медодаам. Шарҳ дод, ки: “Ин ҷо стоянкаи пулакӣ аст”.

МАТНИ КОМИЛИ ИН МАТЛАБРО ИНҶО БИХОНЕД
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)