Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 11:35

Ню-Йорк: Бархӯрди мошин ба одамон террор не, садама аст

19 май 2017, 09:52

Пулиси Ню-Йорки Амрико гуфтааст, ҳеч маълумоте дар мавриди иртиботи ронандаи мошини ба одамон бархӯрда бо созмонҳои террористӣ мавҷуд нест.

18 май дар майдони “Таймс-сквер” як сабукрав пиёдагардонро зер кард. Расонаҳои амрикоӣ аз ҳалокати дасти кам як нафар ва захмӣ шудани 20 кас иттилоъ додаанд. Пулис гуфтааст, ин ҳодиса амали террористб набуда, як сониҳа аст. Ба иттилои манбаъ, ронандаи 26-сола Ричард Рохас аз Бронкс дар ҳолати сархушӣ мошинро идора кардааст. Гуфта мешавад, қаблан ӯ ду маротиба барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

Иртибот доштан ё надоштани ин ҳодиса ба амали террористӣ барои он матраҳ мешавад, ки ахиран дар Аврупо чанд ҳолати бо мошин зер кардани одамон ҳамчун амали террористӣ маънидод шуд. 7 апрели соли равон дар яке аз хиёбонҳои серодами пойтахти Шветсия як мошини хурди боркаш одамонро зер кард. Пулис аз ҳалокати 4 ва захмӣ шудани 15 нафар хабар дод. Стефан Лёвен, сарвазири Шветсия ин ҳамларо амали террористӣ номид. Дар ин ҳамла як шаҳрванди 39-солаи Узбакистон гумонбар дониста шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!