Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:23

740 ҳазор сомонӣ зарари офати табиӣ дар Ашт

19 май 2017, 14:58

Хисороти аз боришоти зиёди борон ва омадани сел дар сойҳои Ашт давоми моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин ноҳия расида, беш аз 740 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Аз дафтари матбуоти ноҳияи Ашт ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, бар асари офати табиии рӯзҳои 12 ба 18 апрели соли ҷорӣ 10 пули маҳаллӣ, 41 км роҳ, 4,8 км хатти интиқоли нерӯи барқ ва дигар боғу токзорҳо зарар дидаанд: “Хушбахтона, дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Хисороти боришоти шадиди рӯзи 28 июли соли 2016 ба ноҳияи Ашт зиёда аз 5 миллион сомонӣ гуфта шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беном

  • 24 май 2017 20:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
зарардидагони нохияи ашт умед доранд, ки "як руз не як руз" касе ба додашон мерасад. Худо хохад!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!