Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:19

Тақдими 1300 китоб аз номи сокинони бародаршаҳрҳои Душанбе дар Амрико (АКС)

19 май 2017, 16:38

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон, 19 май 1300 китобро аз номи сокинони шаҳрҳои Боулдер ва Денвери иёлати Колорадои ин кишвар ба сокинони шаҳри Душанбе тақдим намудааст.

Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар дода, мегӯяд, китобҳои мазкур ба кибер-кафеи Дӯстии шаҳри Душанбе ва нӯҳ мактаби пойтахт дастрас гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, маросими тақдими китобҳо дар бинои “Душанбе Плаза” баргузор гардида, Элизабет Миллард зимни суханронии худ оид ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА таъкид намуда, шеърҳоро ба забони тоҷикӣ дар бораи дӯстӣ ва китобҳо қироат намудааст: “Инчунин хонум Миллард дар назди ҳозирин мактуберо аз номи Шўрои мудирони созмони “Бародаршаҳрҳо Боулдер-Душанбе” хонд.

Дар давоми як ҳафта сокинони Боулдер ва Денвер, Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер, мактабҳои маҳаллӣ ва инчунин чойхонаи Боулдер-Душанбе 1300 адад китобро ба забони англисӣ ҷамъоварӣ намуданд, то ки ин китобҳоро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Душанбе дастрас гарданд. Китобҳои мазкур аз классикаи адабиёти англисӣ, китобҳои бачагона ва назм иборат мебошанд.

Манбаъ мегӯяд, равобити мутақобила байни бародаршаҳрҳои Боулдер ва Душанбе ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта шурӯъ гардида буд. Ба иттилои сафорат, сокинони шаҳри Душанбе чойхонаи зебои “Боулдер-Душанбе”-ро дар шаҳри Боулдер бунёд намуданд ва сокинони Боулдер бошад, дар навбати худ Кибер-кафеи дӯстиро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд: “Дар рафти муносибатҳо дар ин самт, Ҳукумати ИМА якчанд барномаҳои мубодилаи донишҷўён ва мутахассисонро сарпарастӣ намудааст. Дар доираи ин барномаҳо шумораи зиёди донишҷўёну мутахассисон ба шаҳри Боулдер сафарбар гардиданд. Ҳадаф аз ин барномаҳо таҳкими равобит байни сокинони ду бародаршаҳр аст. Моҳи ҷорӣ гурўҳи мутахассисони соҳаи экотуризм ба шаҳри Боулдер сафарбар мегарданд ва бо аъзои созмони “Бародаршаҳрҳои Боулдер-Душанбе” мулоқот мекунанд”.

Манбаъ афзӯд, ҳукумати ИМА бар он аст, ки равобити мустаҳкам байни халқҳо рукни умда барои густариши муносибатҳои самарабахши дутарафа маҳсуб меёбад ва ба ин хотир, Ҳукумати ИМА тайи 25 соли ахир беш аз 5000 шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил, такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба равон намуд, то ки ин донишҷӯёну мутахассисон пас аз бозгашт ба ватани хеш барои рушду нумўи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.


Тақдими 1300 китоб аз номи сокинони бародаршаҳрҳои Душанбе дар Амрико (АКС)

Тақдими 1300 китоб аз номи сокинони бародаршаҳрҳои Душанбе дар Амрико (АКС)

Тақдими 1300 китоб аз номи сокинони бародаршаҳрҳои Душанбе дар Амрико (АКС)

Тақдими 1300 китоб аз номи сокинони бародаршаҳрҳои Душанбе дар Амрико (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!