Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 09:46

“Сайёраи сабз”-и Наврӯз Саидов дар Осорхонаи миллӣ

22 май 2017, 14:30

Осорхонаи миллии Тоҷикистон мизбони намоиши аксҳои аккоси ҷавон Наврӯз Саидов мешавад.

Ин намоиш, ки ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида шудааст, соати 16:30-и чоршанбеи 24 май таҳти унвони “Сайёраи сабз” оғоз мешавад. Дар он наздики 100 акси дар солҳои гуногун бардоштаи Саидов манзури тамошобинон мегардад.

Наврӯз Саидов чандин сол аст ки ба ҳайси наворбардори синамо ва телевизион фаъолият дорад. Дар баробари ин аккосӣ мекунад ва “Сайёраи сабз” нахустин намоиши аксҳои ӯ хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беҳтарин! Иқдоми хеле хубу хотирмон. Бинандаву мушоҳидакори натиҷаҳои дастранҷи як тан ҷавони дурандешу саодатманди кишвар будан дар "Соли ҷавонон" хушоянд аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!