Бахшҳо

3 маслиҳати Мирхоҷа ба вазири тандурустӣ: Ба духтуронатон бигӯед...

Ато Мирхоҷа, шоири шинохтаи тоҷик, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар хитоб ба Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустии кишвар масъалаи дер омадани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва саривақт нарасондани кӯмаки тиббиро ба миён гузоштааст.

Ато Мирхоҷа имрӯз, 23 май бо нашри як муроҷиатнома дар сафҳаи фейсбукияш аз Олимзода хостааст, “ба духтуронатон бигӯед, ки дар кадом шифохона ё дармонгоҳе, ки набошад, бемори мурдаистодаро бидуни таъхир ва қайду шарт қабул карда, ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонанд. Дар акси ҳол, табибонатон аз ҷаллод ягон фарқе надоранд. Хоса, агар мошинҳоятон ба сабаби надоштани «мгалка» беморро сари вақт ба шифохонаи ёрии таъҷилӣ бурда натавонанд”.

Ӯ дар идома маслиҳат додааст, ки “кушиш кунед, ки мошинҳои ёрии таъҷилиятон «мгалка» дошта бошанд. «Мгалка» асбобест, ки дар болои мошин шинонда шуда, бо чароғҳои милтмилткунанда ва бонги хатар роҳи автомобилгардро барои мошини ёрии таъҷилӣ холӣ мекунад”.

Маслиҳати сеюми ноиби раиси Иттифоқи нависандагон ба вазири тандурустӣ ин аст, ки муҳлати ба сари бемор расидани мошини ёрии таъҷилиро дар шаҳри Душанбе аз 45 дақиқа кам кунад, зеро ба гуфтаи ӯ дар зарфи 45 дақиқа кайҳоннавард Титов мадори атрофи Заминро як маротиба чарх зада буд.

Ин маслиҳатҳо дар ҳоле нашр гардидаанд, ки қаблан ҳам бархе сокинон аз дер расидани мошини ёрии таъҷилӣ ва таъхиркорӣ дар расондани ёрии тиббӣ дар Душанбе шикоят карда буданд.
Мӯҳр
шахрванд
"мгалка", "Ггалка" чи маъно дошта бошад? Охир ин чи бесаводи аст? Наход пеш аз чоп намудани макола, онро ягон кас тафтиш намекарда бошад. ШАРМАНДАГИ

Туйчибек
Як пешниҳоди ман ин аст ки, ҳамаи аптекаҳо давлатӣ карда шаванд. Нархи як дору дар 100 аптека 100 хел аст.
Ин кора кардан осон аст чихеле ки, нуқтаҳои саррофи (ОБМЕН ВАЛЬЮТА)ҳоро манъ карданд. Вазорат агар заррае фикри давлату миллатро кунад бисёр корҳоро анҷом дода метавонад. Аммо агар дар фикри киссаи худашон ва соҳибкорони беинсоф бошад ин пешниҳодҳо ва маслиҳатҳо ягон фоида надорад.
Манъ кунед ҳамаи аптекаҳоро ва фақат аптекаҳои давлатӣ бояд фаъолият кунанд бо нархҳои дастрас ва нархҳои ягона дар тамоми ҷумҳурӣ.
Нархи ҳамаи доруҳо дар тамоми ҷумҳурӣ ягона бояд бошад. Дар Душанбе агар 1 сомони бошад дар Сугду Хатлону Бадахшон ҳам бояд ҳамон нарх бошад.

Оқои Ато Мирхоҷа дуруст пешниҳод кардааст. Дар аксари ҳолатҳо духтурони маркази кӯмаки таъҷилӣ бемори вазнинро як су гузошта, масъалаи пардохти пули ҷарроҳиро ба миён мегузоранд. То пул нагиранд, ҷарроҳӣ намекунанд. Яке беморхонаҳр, яке мактабҳо ба бозор табдил шудаанд

шахрванд, Рузноманигор хаку хукуки ислох кардани матни дигар шахсро надорад. Ин худи шоир аз маърифати худ ба ахли чомеа хабар дода истодааст Чи илоч, аз мост ки бо мост

шаҳло
Мгалка? Шояд Мигалка бошад.

32569
Бисер пешниходи хуб ва замонави.Дар масъалаи дору ин ки бояд давлат бо кафолат худ дорувори харидори намояд агар натавонад ягон ширкатро муаззаф намояд ки бо кафолат дору харидори намуда ба миллат расонад.Маълумаст ки саломатии миллат ин асоси давлат аст.Барои чи махз дору чунки вактхои охир касал як халта дору истеъмол мекунад натича хеч.Инчунин ба гуфтаи занакои лаби об дорухое ки мо истеъмол мекунем 100%-а набуда массаи фоиданокиаш камтар аз когаздоруаш мебошад е ки дар чин тавлид меефтааст.

оодло
Бисёр икдоми хуб пешниход дар бораи дорухонахо. Чун., баном як кисм табибон бахшиш номшонро аз хотир баровардам " Сохибкор" на ба саломатии инсонхо кор доранду на ба дигар кариб 99 фоизи табибон дар беморхонае, ки фаъолият менамоянд дорухона кушода беморонро ба дорухонаи худ равон мекунанд. Шахсан хангоми ба назди як " Сохибкор " рафтанам ба ман чунон дорухои табобатие пешниход намуд, ки ба истиснои дорухонаи худаш, ки дар дохили беморхона буд, аз ягон Дорухонаи шахри Душане пайдо накрдаму билохира рафта аз дорухонаи худш харидори намудам. Лекин ман ба хамаи мутолиакунандагон хаминро гуфтани хастам, ки бо вучуди дасгирии соха аз чониби хукумати кишвар касе аз масъулин дар мавриди ин ва дигар мавзухои тиб парвое надоранд....

шахрванд
хакгу, вакто, ки ман посухамро навиштам, дар он чо Ггалка навиша буд, паас аз чан маврид Мгалка шуд. Шояд Шумо онро пас аз ислохи Ггалка маколаро хонда бошед?. Дар хар хол бояд менавишт, ки матн бе ислохот чоп карда мешавад.

Муродали
Як пешниход ба вазорати тандрусти ва БДА. Мо харуза мушохида мекунем ва мебинем ки хангоми мошинхои ёрии таъчили дар рох таъчилан харакат карда бо хамон мигалкаи гуфтаашон равонанд, лекин баъзе мошини киматбахо ва хато баъзе беаклхо ба онхо рох намедиханд. Пешниходи ман ки дар мошинхои таъчили камерахои шахри бехатар насб карда шавад ки кадом ронандае бе сабаб рох намедихад ба чавобгарии маъмури кашида шавад.

Ага хар буз хирман мекуфт, хочати барзагов набуд.

Имруз, 23-юми май аз чониби Асогузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон "Рузи Чавонон" эълон гардидааст.
Вокеан хам ин рузи хушбахтию фарах аст ва кулли чавонон ва мардуми шарафманди кишвари азизамро ба ин Руз табрик намуда, орзуи онро дорам, ки хамагон кушиш ба харч дихем, ки дар рушду нумуи сохахои мухталифи иктисодиёту ичтимоиёти кишвар сахмгузор бошем.
Баъдан ин ки вакте ки дар сахифахои ичтимои андешаи худро баён кардани мешавед, андаке хам бошад казоват намоед, ки фикру андеша ва пешниходи Шуморо бисёрихо мехонанду хулосабарори мекунанд, агарчанде дар он сахифахо шумо гумном баромад мекунед.
Хадди аккал соддатарин коидахои имлои забони точикиро риоя мекардед,...

Мехроч
Ага хар буз хирман мекуфт, хочати
барзагов набуд. Мухтарам Саид ба ин гаптон чи гап гуфтани хастед. Мехохам пура шахр дихед ва барои кадом пешниход хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)