Боздошти ду шаҳрванди Қазоқистон дар марз бо Афғонистон: Ҳаҷ рафтанием
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ду шаҳрванди Қазоқистон талош кардаанд, тариқи убури ғайриқонунии марз ба Афғонистон сафар кунанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод 20-уми майи соли 2017, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар дидбонгоҳи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милиса ду шаҳрванди Қазоқистон Ушаков Аскар Болтаевич, соли таваллудаш 1986 ва Жолай Шамсуддин Абдулҳай соли таваллудаш 1970, ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳад дастгир гардиданд: “Дастгиршудаҳо ҳангоми санҷиши пешакӣ изҳор доштаанд, ки мақсади ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанашон Ҳаҷ кардан мебошад”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |