Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:42

Муовини раиси ҳукумати Туркманистон худкушӣ кардааст

23 май 2017, 12:47

Муовини раиси девони вазирони Туркманистон Ботур Эрешов худкушӣ кардааст.

Манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, Эрешов баъди боздошти писараш ба ин кор даст задааст. Дар бораи ин ҳодиса расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд. Бино ба иттилои сарчашмаҳо, писари Ботур Эрешов бо миқдори зиёди маблағ боздошт шуд.

"Эрешовро таъқиб мекарданд, вай хабар ёфт, ки дар фурсатҳои наздик бояд боздошт шавад. Баъдан ӯ худашро овехт. Ҷасадашро бурданд ва се рӯз ба пайвандонаш надоданд. Овоза аст, ки ҷасади Эрешовро дар ҳудуди Ӯзбекистон - зодгоҳаш ба хок супоридаанд. Писараш ҳанӯз дар боздошт аст", - мегӯянд сарчашмаҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Сомонаи "Хроника Туркменистана" менависад, Эрешов дар қабристоне дар вилояти Бухорои Узбакистон ба хок супорида шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!