Бахшҳо
23 май 2017 14:58Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон таркиш дар Манчестерро даҳшатангез хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёми тасаллият ба Тереза Май, сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, аз таркиш дар толори консерти шаҳри Манчестер изҳори андуҳ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Тереза Май омадааст, “хабари мудҳиши ба ҳалокат расидани даҳҳо ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон дар шаҳри Манчестер бар асари таркиши даҳшатангез боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Мавҷи бесобиқаи амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд. Ҳамдардиву тасаллияти хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Таркиш дар толори консерти шаҳри Манчестерро эҳтимолан маргталаб анҷом додааст. Бино бар хулосаи пешакии пулис, маргталаб дар танҳоӣ ин корро анҷом додааст. Дар натиҷа 22 одам кушта, 59 тани дигар захмӣ шуданд. Миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Таркиш шаби 22 май - билофосила баъди анҷоми сурудхонии ситораи попи амрикоӣ Ариана Гранде рух дод. Анбуҳи мухлисонро ҳарос фаро гирифт.
Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ба наздикони қурбоншудаҳо изҳори ҳамдардӣ кард. Дар робита ба ин фоҷиа ҳизби муҳофизакори Мэй ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ маъракаи таблиғи интихоботиро қатъ карданд.
Мӯҳр
Ин ҳодиса воқеан ҳам даҳшатнок буда, идомаи силсилаи аъмоли террористии исломгароёни радикал (кӯҳнапараст) мебошад. Президент дуруст гуфтааст. Ин ҷараёни салафия "вабои асри 21 аст". Бар зидди ин касалӣ ҳама бо ҳама восита мубориза бояд бурд. Салафиён дини исломро дар назди ҷаҳониён ҳамчун дини оштинопазир ва террористӣ муаррифӣ карданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)