Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 03:31

Ҳунармандони тоҷик зери раҳбарии Зевар Давлатзода ба Туркманистон мераванд

24 май 2017, 09:44

Аз 27 май то 2 июни соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон доир мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд.

Манбаъ ҳадафи баргузории ин чорабиниро “таҳкими робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Туркманистон, муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷикон” унвон кард: “Дар доираи ин рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои “Тоҷикистони муосир”, муд ва либосҳои миллӣ, “Китоби Тоҷикистон” ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст”.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарии ҳайати расмии чорабиниро Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ба уҳда дорад: “Ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳо Ситораи Кароматулло, Хуршед Иброҳимов, Парвин Юсуфӣ, Бахтиёр Баёнӣ шомиланд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарама Зевар Давлатзода !
Агар дар хайати расмиатон Пенчи Анаевро хам шомил мекардед нуран ало нур мешуд.Чунки сурудхои туркманиаш эътибору нуфузи хунармандони точикро дар Туркманистон баланд мебардошт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инро вазорат хал намена ин спискаро аз апарати президент таёр менан ..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!