Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 03:54

Ду таронаи муштараки зодаи Тоҷикистон бо L’One (ВИДЕО)

25 май 2017, 09:19

Ясмина Каримова, як зодаи Тоҷикистони муқими Аврупо ҳамроҳ бо L’One (Леван Горозия), рэпсарои маъруфи Русия ду таронаи муштарак иҷро кардааст.

Таронаҳои “Дорога” ва “Гравитация” ҳанӯз соли 2016 дар Ҳолланд сабт шудаанд, аммо расми муаррифии онҳо ба наздикӣ сурат гирифт. Ясмина ва L’One нахуст дар барномаи “Вечерний Ургант” таронаи “Дорога”-ро иҷро карданд. 20 май бошад, Ясмина дар консерти L’One дар Маскав ба ҳайси меҳмон даъват шуд ва ҳамроҳи ӯ дуэт хонд.

Ясмина Каримова дар Тоҷикистон ба дунё омада, то 10-солагӣ дар Австралия зиндагӣ мекард. Хонаводаи онҳо чанд муддат дар Сан-Франсиско ба сар бурд ва баъдан ба Ҳолланд кӯч баст.

Ясмина матни таронаҳояшро худаш менависад ва аксаран онҳо бо забони англисианд. Ӯ дар театр ҳам нақш меофарад. Ясмина соли 2015 дар озмуни машҳури телевизионии истеъдодҳо -- “Садо” дар Ҳолланд иштирок намуда ва ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд. Аз он пештар вай барандаи озмуни сурудҳои муаллифии Ҳолланд гардида буд.

Қарор аст соли равон маҷмӯи таронаҳояшро ба бозор ворид кунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!